Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ

ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ

ШАМСУДДИНИ ТОЪӢ(с. тав. ва ваф. номаълум), Хоҷа Шамсуддини Муҳаммади Тоъӣ, мусиқишиноси форс-тоҷик (а. 13). Дар Хуросон таваллуд ёфта, он ҷо зиндагӣ ва таҳсил кардааст. ӯ аз овони ҷавонӣ илмҳои фалсафа, риёзиёт, бадеъ ва мусиқиро аз бар карда, осори илмию назариявии олимони машҳури замонашро омӯхтааст. Аз осори мусиқии Форобӣ, Ибни Сино ғизои маънавӣ гирифтааст. Чанд муддат дар шаҳрҳои Искандария ва Рум аз фалсафа, риёзиёт ва мусиқӣ дарс гуфтааст. Дар ҳамон ҷо асари калони назариявии худро бо унвони «Китоб-ул-мусиқӣ» таълиф намуда, ба ҳокимони Рум бахшидааст. Дар Искандария даргузаштааст.        А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …