Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШАМБАРӢ

ШАМБАРӢ

shohambari

ШАМБАРӢ, курорт дар ҳудуди деҳаи Шамбарии р-ни Ҳисори РСС Тоҷикистон. Дар доманаи ҷанубии қ-кӯҳи Ҳисор (26 км ғарбтар аз Душанбе), дар баландии 1100—1150 м аз с. б. ҷой гирифтааст. Тобистонаш гарм (ҳаpop. то 40—-42С); зимистонаш камбарф (ҳарор. миёнаи янв. —1С) мебошад. Боришоти солона 660 мм. Шамбарӣ соли 1953 таъсис ёфтааст. Воситаи асосии табобатии Шамбарӣ чашмаҳои оби минералӣ мебошад. Дар таркиби оби чашмаҳо асосан намакҳои сулфату хлориди натрии (минерализацияаш аа 3,5 то 16,3 г/л, ҳарор. 37—42С) мавҷуданд. Оби минералии Шамбариро барои нушокӣ, қабули ваннаҳо, шустани меъдаю руда, роҳҳои талха ва ғ. истифода мебаранд. Шамбарӣ бо асбобҳои ҳозираи тиббӣ таҷҳизонида шуда, дорои лабораторияҳои биохимикӣ, кабинетҳои физиотерапевтӣ, рентгенологӣ, ташхиси функционалӣ, эндоскопӣ, варзиши шифоӣ, масҳ, табобати дандон ва ғ. мебошад. Дар Шамбарӣ амрози музмини системаи ҳозима (гастрит, энтерит, колит, холецистит, захми меъдаю рудаи дувоздаҳангушта, санги талхадон)-ро муолиҷа мекунанд. Алҳол дар Шамбарӣ комплекси санатории нав (барои 250 кат) сохта истодаанд.

Ад.: Пйлипюк В., Санаторий «Шаамбары», Д., 1973. И. Я. Бобохуҷаев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …