Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАКЛПАРАСТӢ

ШАКЛПАРАСТӢ

ШАКЛПАРАСТӢ, дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон афзалияти шакл нисбат ба мазмунро гўянд. Дар санъат он шакли «сирф»-ро ягона унсури асосии эҷодии бадеӣ медонад. Маёли шаклпарастӣ дар а. 19 мушоҳида мешуд. Лекин он дар санъати буржуазии а. 20 дар ҷараёнҳои кубизм, дадаизм, петтризм ва ғ. зоҳир гардид.

Эстетикаи марксистӣ-ленинӣ ва танқиди бадеӣ ба шакли осори санъат баҳои баланд дода, дар айни замон ҳама гуна зуҳуроти Шаклпарастиро рад мекунад ва ба таҷрибаи «санъати соф», «санъат барои санъат» доимо мубориза бурда, таъкид мекард, ки беэътиборӣ ба мазмуну ғоя на фақат моҳияти иҷтимоии осори санъатро ба ҳеҷ бароварда, имконияти иштироки онро дар муборизаи иҷтимоӣ ва дар тарбияи одамон маҳдуд менамояд, балки қимати бадеии онро низ паст мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …