Маълумоти охирин

ШАҚИҚА

shakika

ШАҚИҚА, дарди нимсар, хуруҷи дарди шадид дар ними cap аст. Ба Шақоиқ бештар занҳо дучор мешаванд; беморӣ асосан ҳангоми балоғати ҷинсӣ зуҳур меёбад. Ангоми шақиқа тарзи пайдошавии дарди cap бо тағйири тонуси рагҳои дохилӣ ва берунии кадуфт алоқаманд аст; фарз мекунанд, нки аввал ихтилод ихтилоҷ ёфта, баъд тонуси рагҳо паст мешавад ва дар натиҷа онҳо номунтазам васеъ мешаванд. Хуруҷи дарди cap бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, рӯшноитарсӣ мегузарад. Рангпаридагӣ ё сурх шудани рӯй, хунук шудани ангуштони дасту по, сустӣ, ларза, хамёза ва ғ. мушоҳида карда мешавад. Беморон одатан дурахшон, хатҳои шикаста, баъзан беқувват шудани чашмашонро дарк мекунанд (Шақоиқи офталмӣ). Онҳо баъзан аз карахтшавӣ, сихзании рӯй, забон ва дасту по шикоят мекунанд. Шақоиқи аломатӣ нишонаи бемории органикии майна (омос, анервизми рагҳои хунгард) мебошад.

Муолиҷа: муътадилкунии тонуси рагҳои хун, доруҳои таскиндиҳанда, физиотерапия,

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …