ШАҶАРА (ар.— дарахт), насабнома, силсилаи номҳоеро гуянд, ки ба воситаи он аслу насаби авлодӣ муайян карда мешуд. Бештар дар асрҳои миёна маъмул буд. Вобаста бо инкишофи афкори маънавӣ Шаҷараро ба дигар мазмун низ истифода мебурдагӣ шуданд. Мас., ҳадис вақте муътабар дониста мешуд, ки гуяндаи он шаҷараи муҳаддисонро то худи Муҳаммад ва саҳобаҳояш аз ёд номбар кунад. Агар Шаҷараро ном бурда натавонанд, ҳадис ноқис дониста мешуд. Дар тасаввуф низ пайравони дар тариқат бояд шаҷара ё худ силсилаи пирони худро номбар менамуданд, ки он маъмулан аа ягон авлиё cap мешуд. Дертар барои муайян намудани аслу насаби ҷавонон ҳангоми никоҳ шаҷараи онҳоро муайян мекардагӣ шуданд. Баъзан онро барои муайян кардани аҷдоди подшоҳону ҳокимон, қаҳрамонон, хоҷаҳо, саидҳо ва дар Ғарб — дворянҳо, князҳо, ва ғ. истифода мебурданд.
М. Ҳазратқулов.