Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САППОРО

Шаҳри САППОРО

САППОРО, шаҳрест дар Япония, дар наздикии ооҳилҳои баҳри Япон. Аҳолиаш 1,3 миллион нафар (1977). Маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании ҷазираи Хоккайдо.

sapporo_9

Соҳаҳои саноаташ: бофан- дагӣ, коркарди нефт, химия, дорусозӣ, чармгарӣ, чӯббурӣ, чӯбгарӣ, хӯрокворӣ (консерви моҳӣ ва ғайра), полиграфӣ, самолётсозӣ. Университет, институтҳои тадқиқоти илмӣ, стансияҳои таҷрибавии хоҷагии қишлоқ, боғи ботаникӣ ва музеи ботаникӣ дорад. Дар ин ҷо соли 1972 бозиҳои 11 зимистонаи олимпӣ гузаронида шуданд. Дар Саппоро барои гузаронидани намудҳои зимистонаи спорт база ва иншоотҳои сершумор мавҷуданд. Шаҳр соли 1871 бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …