Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Орша

Шаҳри Орша

Орша, шаҳрест дар вилояти Витебски Республикаи Советии Сотсиалистии Булғория, дар соҳили дарёи Днепр. Узели калони рохи оҳан.  Аз Орша автомагистрали Ленинград — Киев мегузарад. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1979).

Комбинати катон, фабрикаҳои трикотаж, дӯзандагӣ,_заводҳои дастгоҳсозӣ, мошинҳои дарздӯзӣ, асбобсозӣ, силикат, конструксияҳои оҳану бетонӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (комбинати гӯшту консерв, заводҳои панир, консерв ва ғайра) ва корхонаҳои нақлиёти роҳи оҳан дорад. Дар шаҳр музеи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ К. С. Заслонов мавҷуд аст.

Орша бори аввал дар солномаи 1067 зикр шудааст. Аа 13 июли 1941 то 27 июни 1944 шаҳрро фашистони немис забт намуда, ба он зарари калон расонданд. Дар Орша ва атрофи он пинҳонкорон ва партизанҳо бо роҳбарии К. С. Заслонов муборизаи қаҳрамонона бурдаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …