Оксфорд (Oxford), шаҳрест дар Британиян Кабир, дар соҳили дарёи Темза. Маркази маъмурии графин Оксфордшир. Аҳолиаш 117 ҳазор нафар (1976). Узели муҳимми нақлиёт ва маркази савдо.
Дар Коули ном маҳалли назди Оксфорд корхонаҳои калони автомобилсозӣ мавҷуданд. Соҳаҳои саноати электротехники ва полиграфӣ низ ривоҷ ёфтааст. Театр, китобхонаю музейҳо дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: Калисои ҷомеъ (асри 12), театри Шелдон (1664—80), китобхонаи Рэдклифф (1737—49) ва ғайра.
Оксфорд бори нахуст дар сарчашмаҳои хаттии соли 912 зикр шудааст. Аввал ҳамчун қалъа ба вуҷуд омад. Дар нимаи дуюми асри 12. Университети Оксфорд — қадимтарин университети Европа бунёд ёфт. Соли 1641 Оксфорд— қароргоҳи епископи Англия. Дар давраи Ҷанги гражданӣ (1642—46) Оксфорд такягоҳи Карли I ва тарафдорони ӯ буд.