Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Николаевски Амур

Шаҳри Николаевски Амур

Николаевски Амур, шаҳрест дар кишвари Хабарови РСФСР, маркази pайони Николаев. Бандар дар соҳили чапи дарёи Амур, 80 км дуртар аз ҷое, ки он ба лимани Амур мерезад. Стансияи роҳи оҳани наздиктарин — Комсомолски Амур (621 км болотар аз резишгоҳи дарёи Амур). Аҳолиаш 32,9 ҳазор нафар (1974). Соҳаҳои асосии хоҷагӣ— хизматрасонӣ ба саноати моҳӣ ва таъмири киштӣ. Корхонаҳои саноати хӯроквориаш: комбинати моҳӣ, фабрикаи колбаса ва ғайра. Омӯзшпгоҳҳои тибби ва педагогӣ, музеи кишваршиносӣ дорад. Дар шаҳр ба асосгузори он Г. И. Невелский ҳайкал гуаошта шудааст. Н иколаевски августи 1850 ҳамчун пости ҳарбӣ бунёд ёфта, аз соли 1856 — шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …