Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Николаев

Шаҳри Николаев

Николаев шаҳр, маркази вилояти Николаеви РССУ. Дар соҳили чапи лимани Буғи баҳри Сиёҳ, дар назди андароби дарёҳои Буғи Ҷанубӣ ва Ингул воқеъ гаштааст. Бандари баҳрӣ ва дарёӣ, узели роҳи оҳан Аэропорт до­рад. Аҳолиаш 441 ҳазор нафар (1979). Николаев яке аз марказҳои калони саноатӣ ва маданӣ дар ҷануби Украина. Муҳимтарин соҳаи саноаташ — мошинсозӣ (хусусан киштисозӣ).

3аводҳои киштисозӣ, таҷрибавии электрогид­равлика, таҷҳизоти мошинҳои борбардору нақлиётӣ, асбобҳои челонгарию монтажкунӣ, «Дормашина» дорад. Саноати сабук (иттиҳодияҳои трикотажию дӯзандагӣ, фабрикаи пойафзол, комбинати атриёту шиша), хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, орд, нон, фабрикаи қаннодӣ, заводҳои пивопазӣ ва ғайра), масолеҳи бинокорӣ, мебел тараққӣ кардааст. Дар Николаев институтҳои киштисозӣ, пе­дагогӣ, факултети инженерони сохтмони Институти инженерони сохтмонн Одес­са, факултети маданию маърифатии Ин­ститути маданияти Киев, 9 мактаби миёнаи махсус (техникумҳои киштисозӣ, сохтмон, нақлиёти роҳи оҳан, хоҷагии қишлоқ ва ғайра) мавҷуданд.

Музейҳои кишваршиносӣ ва бадей, 3 театр (драмаи мусиқии украинӣ, драмаи русӣ, лухтак), фи­лармония дорад. Расадхонаи астро­номии Николаев (шӯъбаи Расадхо­наи калони астрономии АФ СССР), маркази телевизион кор мекунад. Ёдгориҳои меъмориаш: калисои Ни­колаев (1817), Хонаи офитсерони флот (1820), расадхона (1827), комплекси ёдгорӣ ба шарафи 68 нафар десантчиёни қаҳрамон, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) барои озод кардани шаҳри Николаев ҳалок гардидаанд ва ғайра. Николаев соли 1784 ҳамчун исистеҳком бунёд ёфтааст, аз 1789 — шаҳр. Николаев бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. (1970).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …