Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Небитдоғ

Шаҳри Небитдоғ

Небитдоғ  шаҳрест дар вилояти Красноводски РСС Туркманистон. Дар назди доманаи ҷануби қаторкӯҳи Болхони Ка­лон воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан дар хати Красноводск —Марӣ; аз Набитдоғ то поселкаи ба номи 26 Комиссарони Боку шохаи роҳи оҳан кашида шудааст. Аҳолиаш 69 ҳазор нафар (1978).

Небитдоғ маркази сано­ати истихроҷи нефту газ мебошад. Корхонаҳои саноатиаш: заводҳои йод, таъмири механизмҳо, комбинати гӯшт, фабрикаи паррандапарварӣ, ГРЭС ва ғайра Дар шаҳр Институти тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии нефти Туркманистон, факултаи шабонаи Иститути саноати неф­ту химия ва гази Москва, техникуми нефт мавҷуданд. Небитдоғ соли 1933 ба муносибати cap шудани истихроҷи нефть бунёд шудааст; аз соли 1946 — шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …