Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нарян-мар

Шаҳри Нарян-мар

Нарян-мар (аз немесӣ — шаҳри сурх), шаҳр, маркази округи автономии Ненесҳои вилояти Архангелски РСФСР. Бандари баҳрӣ ва лангаргоҳи дарёӣ дар соҳили рости дарёи Печора, 110 км дуртар аз баҳри Баренс. Аҳолиаш 17 ҳазор нафар (1973). Нарян-мар комбинатҳои гӯшту моҳӣ, заводҳои чӯббурӣ ва равғанкашӣ дорад. Техникуми зооветеринарӣ, омӯзишгоҳи педагогӣ, музеи кишваршиносӣ ҳаст. Нарян-мар соли 1933 бунёд ёфтааст; аз 1935— шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …