Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАҲРҲОИ ҚАҲРАМОН

ШАҲРҲОИ ҚАҲРАМОН

hero-city

ШАҲРҲОИ ҚАҲРАМОН, дар СССР номи фахриест, ки ба шаҳрҳо барои мудофиаи қаҳрамонона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода шудааст. Шаҳрҳои Ленинград, Севастополь, Волгоград (Сталинград), Одесса (1945), Киев (1981), Москва (1965), Керчь, Новороссийск (1973), Минск (1974), Тула (1976), Смоленск, Мурманск (1985) сазовори номи фахрии Шаҳрҳои қаҳрамонанд. Қалъаи Брест аз 1965 «Қалъаи Қаҳрамон» мебошад. Барои тантанавор қайд намудани корномаи қушунҳо ва қаҳрамонию мардонагии омма аҳолии шаҳрҳои мазкур бо Указҳои Президиуми Совети Олии СССР чунин медалҳо таъсис ёфта буданд: «Барои мудофиаи Ленинград» (22 дек. 1942), «Барои муҳофизи Одесса» (22 дек. 1942), «Барои муҳофизи Севастополь» (22 дек. 1942), «Барои мудофиаи Сталинград (22 дек. 1942), «Барои мудофиаи Москва (1 май 1944) ва «Барои мудофиаи Киев» (21 июни 1961). Бо медалҳои мазкур ҳамаи иштироккунандагони мудофиа мукофотонида шудаанд.

С. 1965 Президиуми Совети Олии СССР дар бораи Шаҳрҳои қаҳрмон низомномае қабул кард, ки мувофиқи он ба чунин шаҳрҳо ордени Ленин, медали «Ситораи Сурх», инчунин Грамотаи Президиуми Советй Олин СССР су-порида мешавад. Дар даман Ш. к. сутуни ёдбуд месозанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …