Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШАҲРҲОИ БАРОДАР

ШАҲРҲОИ БАРОДАР

ШАҲРҲОИ БАРОДАР, шаҳрҳои давлатҳои гуногун, ки бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкории байни халқҳо робитаи дустӣ барқарор кардаанд. Чунин робита аввалин бор байни шаҳрҳои Сталинград ва Ковентрии Англия с. 1942 барқаpop шуда буд. Муносибатҳои дустонаи шаҳрҳое, ки роҳи иикишофи таърихии якхела доранд, барои муборизаи сулҳ дар тамоми ҷаҳон нақши муҳимме гузоранд. С. 1957 намояндагони Шаҳрҳои бародарӣ Федерацияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои бародар ташкил карданд. Шаҳрҳои СССР — Алмаато, Боку, Вильнюс, Волгоград, Душанбе, Ереван, Новгород, Ленинград, Одесса, Петродворец, Рига, Ростови Дон, Сочи, Таллин, Тошкент, Тбилиси, Харьков, Ялта, Ярославль аъзои индивидуалии федерацияи мазкур мебошанд.

bro-city

Зиёда аз 100 шаҳри советӣ бо 200 шаҳри мамлакатҳои хориҷӣ робитаю муносибати дустӣ доранд. Душанбе бо Шаҳрҳои бародарии Клагенфурт (Австрия), Санъо (Республикаи Ямани Араб), Алманастир (Тунис), Лусака (Замбия) ва ғ. робита дорад. Аа с. 1963 инҷониб ҳар сол якшанбеи охири моҳ. апр. ҳамчун Рузи Шаҳрҳои бародарӣ қайд карда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …