ШАҲРАФРӮЗ 1) оҳанги қадимии маросимӣ, аз таснифоти Борбад, ки ба ҷашни Наврӯз эҷод намудааст. 2) Суруди машҳури мардуми Бухоро дар а-ҳои 11—12, онро суруди «Шаҳрафрӯзи», «Шаҳрафрӯзон» низ меномидаанд. 3) Шуъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом ». 4) Гушаи созӣ дар шуъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Сабо» («Дувоздаҳмақом»).
А. Раҷабов.