Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАБА

ШАБА

ШАБА, шабаҳ (гагат), як навъ ангиштсанги сиёҳи хираест, ки ҳангоми шикастан паррапарра ҷудо мешавад.

shaba

Сахтиаш 3—3,5; зичиаш қариб 1,3—1,4 г/см2. Танаи дарахтоне, ки зери лойқаи баҳрҳои қадимӣ монда буданд, аз таъсири моддаҳои химиявӣ, гармӣ ва фишори зиёд ба Шаба табдил меёбанд. Шаба одатан дар байни регсанг, мергел, инчунин дар байни қабатҳои ангиштсангу ангишти бӯри эраҳои мезозою кайнозой вомехӯрад. Шаба ба осонӣ суфта шуда, баъди сайқал додан хушҷило мегардад. Бинобар ин аз он (махсусан дар Шарқ) ҳар гуна армуғон, аз ҷумла мӯҳра тасбеҳ ва ғ. тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …