Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САРАГОСА

Шаҳри САРАГОСА

САРАГОСА, шаҳрест дар шимоли шарқи Испания, маркази вилояти Арагон ва музофоти Сарагоса. Дар соҳили дарёи Эбро воқеъ аст. Аҳолиаш 590 ҳазор нафар (1976). Узели калони нақлиёт.

saragosa

Дар шаҳр соҳаҳои саяноати мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ, авто- мобил, самолёт), хӯрокворӣ (қанд, орд, консерви мева, вино, равған, шир), . химия, бофандагӣ, семент, чӯбгарӣ, коғаз, чарм ривоҷ ёфтааст. Универсиӣет (аз 4474), музеи санъати нафиса дорад. Дар Сарагоса ҳар сол ярмаркаи саноати Испания гузаронида мешавад. Аз осори меъмории гузашта калисои ҷомеи Ла-Сео (1119—1550), калисои Санта-Мария Магдалена ва қасрҳои асри 16 боқӣ мондаанд.
Сарагосаро дар асри 27 то милод римиҳо бунёд кардаанд. Соли 714 онрб арабҳо истило намуданд. Соли 1119 Сарагосаро испанҳо ба даст дароварданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …