РУСЕ, шаҳрест дар шимоли Булғория. Маркази маъмурии округи Русе. Аҳолиаш 160 ҳазор нафар (1975). Яке аз марказҳои асосии саноат ва нақлиёти мамлакат. Калонтарин бан¬дари мамлакат дар дарёи Дунай. Ба воситаи пули роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард бо шаҳри Ҷурҷу (Руминия) алоқаманд аст. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (техникаи ҳисоббарории электронӣ, асбобҳо, маснуоти элект¬ротехникӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ, истеҳсоли дастгоҳ ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ), химия (истеҳсоли локу ранг, паркету чарми сунъӣ), коркарди нефт, хурокворӣ (қанд, гӯшт, шир, консерв, вино), бофандагӣ, чарм, мебел.
Театрҳои опера ва дра¬ма, музеи таърихӣ, китобхона, институти механизатсия ва электрофикатсияи хоҷагии қишлоқ дорад.
Шаҳрро ҳамчун истеҳкоми ҳарбӣ дар асри I римиҳо бунёд кардаанд. То асри 6 маркази иқтисодӣ ва ҳарбӣ буд, баъд хароб гардид. Аз асри 15 қалъаи туркҳо ва маркази маъмурии Рушук. Дар давраи ҷанги русу туркҳо (1806—1812) якҷоя бо қалъаҳои Силистра (Силистрия), Шумен (Шумла),. Варна аҳамияти калони стратегӣ дошт.