Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РОВНО

Шаҳри РОВНО

РОВНО, шаҳр, маркази вилояти Ровнои РСС Украина. Дар соҳили дарёи Усте (ҳавзаи дарёи Припят) воқеъ гардидааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 215 ҳазор нафар (1981). Ровно корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва коркарди ме¬талл (заводи аппаратураи баландволт, сэҳтиётии трактор ва ғайра), химия Иттиҳодияи истеҳсолии «Азот», матоъҳои ғайрибофта), саноати сабук (комбинати калони катон, фабрикаи дӯзандагӣ), хӯрокворӣ (комбинати гӯшт, заводи шир ва ғайра) дорад. Мебел ва масолеҳи бинокорӣ низ истеҳсол карда мешавад.

11231556m

Ёдгориҳои меъмориаш: калисои қадимии Успенский (1756), бинои гимназия (1839). Инчунин ҳайкали ёдгории қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ. И. Кузнетсов, мемориали шӯҳрати ҷангӣ ва дигар ёдгориҳо сохта шудаанд. Ровно маркази муҳими маданият аст. Институтҳои пе¬дагогӣ, инженерони хоҷагии об, факултети маданӣ-маърифатии Институти давлатии маданияти Киев, техникумҳои нақлиёти автомобили, савдои советӣ, бофандагӣ, хоҷагии қишлоқ, коопе¬ративӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва мусиқӣ, театри драмаи мусиқии ба но¬ми Н. Островский, филармония, музейҳои таърихию кишваршиносӣ мавҷуданд. Ровно аз соли 1282 дар ҳайати князии Галитсияю Волин маълум аст. Аз декабри 4939— маркази вилоят. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (4983).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …