СФЕРАИ ОСМОНӢ, гумбази осмон, фалак, сфераи ёридиҳандаи хаёлии радиусаш ихтиёрист,Сфераи осмонӣ, а: Z — зенит, Z’ — надир: NESW — уфуқи математикӣ: N, Е, S, V — нуқтаҳои шимол, шарқ, ҷануб ва ғарб; Р ва Р’ — қутбҳои шимолӣ ва ҷанубии дунё; АWА’Е — экватори осмонӣ; — арзи географӣ; б: AА’ — нуқтаҳои эътидоли баҳорию тирамоҳӣ; Е ва Е’ — нуқтаҳои инқилоби тобистонӣ ва зимистонии Офтоб, П ва П’ — қутбҳои шимолӣ ва ҷанубии эклиптика,
с = 23037′,
ки барои муайян кардани координатаҳо, мавқеи байниҳамдигарӣ ва ҳаракати ҷисмҳои кайҳони имкон медиҳад. Дар Сфераи осмонӣ доираҳои хурд (бо сфера ҳаммарказанд), доираҳои калон (марказашон дар маркази сфера намехобанд), уфуқи математики, зенит (самти раъс), надир (самти назир), нуқтаҳои Ҷануб, Шимол., Шимол ва Ғарб, қутбҳои дунё, экватор ва меридиани осмонӣ, эклиптика, нуқтаҳои инқилоби Офтоб ва эътидоли баҳорию тирамоҳиро аз ҳам фарқ мекунанд.