Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶ

СТАНСИЯҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶ

seysmostancia

СТАНСИЯҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶ, сейсмостанция, истгоҳҳои санҷишгаранд, ки ҳангоми зилзила лаппишҳои сатҳи заминро ба воситаи сейсмографҳо сабт мекунанд. Стансияи зилзиласнҷро дар маҳалҳои аз шаҳр хеле дур ё дар атрофи шаҳр месозанд. Стансияи зилзиласнҷ асосан ду навъ мешаванд 1) станцияҳои телесейсмоӣ, ки асосан сигналҳои сейсмоиро дар ҳудуди эписентри зилзила (аз 2000 км зиёд) ба қайд гирифта, умуман зилзиланокӣ ва сохти қишри Заминро меомӯзанд; 2) станцияҳои маҳаллӣ, ки сигналҳои сейсмоии аз масофаи то 2000 км омадаро ба қайд мегиранд. Станцияҳое, ки дар ноҳияҳои зилзиланок сохта шудаанд, барои қайди зилзилаҳои сахт ва харобиовар асбобҳои махсус доранд. Стансияҳои радиотелеметри низ мавҷуданд, ки онҳо лаппишҳои зилзиларо ба воситаи мавҷҳои телеметрӣ паҳн мекунанд ва ин мавҷҳоро стансияҳои марказӣ қабул карда, сейсмограммаҳо тартиб медиҳанд. Масалан, дар соҳили обанбори ГЭС-и Норак сейсмографҳое гузошта шудаанд, ки лаппишҳои сейсмоиро ба воситаи мавҷҳои телеметрӣ паҳн мекунанд ва станцияи сейсмоии марказии Душанбе онҳоро қабул карда, дар навори сейсмограмма сабт менамояд.

Н. Ҳисомов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …