Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЙСМОЛОГИЯ

СЕЙСМОЛОГИЯ

СЕЙСМОЛОГИЯ (аз сейсмо… ва …логия), як соҳаи геофизикаро гӯянд, ки зилзила ва ҳодисаҳои ба он марбут, инчунин чораҳои аз зилзила эмин доштани иншоотро меомӯзад. Ҳомилони асосии ахбор мавҷҳои сейсмикианд. Интерпретатсияи сабти мавҷҳои сейсмикӣ дар баробари омӯзиши худи зилзила ба тадқиқи сохти Замин, ошкор намудани сарватҳои зеризаминӣ (нигаред Разведкаи сейсмикӣ), ба қайд гирифтани таркишҳо (масалан, ядроӣ) имкон медиҳад. Прогнози зилзила аз пешгӯии ҷой, иқтидор ва вақти ба амал омадаи зилзила иборат аот. Дар асоси кофтуковҳои геологию инженерӣ ва мушоҳидаҳои сейсмометрӣ (нигаред Сейсмометрия) микроноҳиябандии зилзила гузаронида мешавад, ки он сохтмони зилзилабардорро бо маълумоти зарурӣ таъмин менамояд ва мавзӯи омӯзиши Сейсмологияи инженерӣ мебошад. Яке аз масъалаҳои асосии Сейсмология ба даст даровардани маълумотест дар бораи қишр, мантия ва ядрои Замин. Барои ҳалли он аз годографи зилзила истифода мебаранд.

Аз аввали солҳои 70-уми асри 20 сар карда равияи нави Сейсмология (физикаи маркази зилзила) инкишоф меёбад, ки он маълумоти худи Сейсмология ва механикаи назариявию физикаи вайроншавии ҷинсҳои кӯҳиро дар бар мегирад. Аз нимаи дуюми асри 19 сар карда пайваста ба тараққиёти геологияю физика Сейсмология ба илми мустақил табдил ёфт. Дар талшккули Сеймология саҳми олими рус Б. Б. Голицын, геофизики немис Э. Вихерт (охири асри 19— аввали асри 20), олимони англис Ҷ. Милн (нимаи дуюми асри 19) ва X. Ҷефрис, геофизики югославӣ А. Мохорович, олими японӣ Ф. Омрри (аввали асри 20) ва дигарон калон аст. Дар Итгифоқи Советӣ тадқиқоти асосӣ дар соҳаи Сейсмология аз тарафи Институти физикаи Замин ба номи О. Ю. Шмидти Академияи Фанҳои СССР гузаронида мешад. Дар Тоҷикистон бо тадқиқоти сейсмологогӣ Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон машғул аст.

Н. Ҳисомов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …