Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна

СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна

СЕРЕБРЯКОВА  Галина Иосифовна (20. 12. 1905,  30. 06. 1980), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги Гражданӣ (1918—1920). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1925). Асарҳояш аз соли 1925 чоп мешаванд. Дар асари сегонаи «Прометей» («Ҷавонии Маркс», китоби 1—2, 1933—1934; тарҷумаи тоҷикӣ 1969; «Рабудани оташ», 1961; тарҷумаи тоҷикӣ 1967; «Қуллаҳои зиндагӣ», 1962) ва романи дар бораи Ф. Энгелс «Собиқа» (1965), инчунин ссенарияи филми «Як соли баробари умр» (1966, ҳамроҳи Г. Рошал) образи асосгузорони коммунизми илмӣ офарида шудааст. Серебряков муаллифи маҷмуаи очеркҳои «Занони давраи Револютсияи Франсия» (1929), «Дар бораи дигарон ва худам», (1968; очеркҳо дар бораи С. М. Киров, М. В. Фрунзе, М. Горкий, Н. К. Крупская ва дигарон), китоби ёддоштии «Саёҳат ба гузашта» (1962—1963; дар бораи дӯстии Маркс ва Энгелс) мебошад. Асарҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума гардидаанд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …