Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нимҷазираи Скандинавия

Нимҷазираи Скандинавия

СКАНДИНАВИЯ (нимҷазираи Скандинавия), нимҷазираест дар шимоли ғарби Европа. Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи тақрибан 1900 км тӯл кашидааст; бараш то 800 км. Масоҳаташ қариб 800 ҳазор км2 (калонтарин нимҷазира дар Европа). Дар территорияи нимҷазира Норвегия, Шветсия ва қисми шимоли ғарбии Финляндия ҷой гирифтаанд.

skandi

  Соҳилҳои ғарбӣ ва шимолии Скандинавия баланду шахдоранд ва бо фъордҳо бурида шудаанд. Ҷазираю галаҷазираҳо бисёранд (Лофотен, Вестеролен, Магерё, Сёрё ва ғайра). Ноҳияҳои ғарбӣ ва шимолии Скандинавияро кӯҳҳои Скандинавия (нуқтаи аз ҳама баландаш 2469 м — кӯҳи Галхёпигтен) ва ноҳияҳои шарқтари онро паҳнкӯҳи сербари Норланд (баландиаш то 800 м) ишғол кардаанд.

  Нимҷазира конҳои маъдани оҳан, мис, титан, сурб ва шелфи соҳилҳои баҳри Сафед нефт дорад.

  Қисми зиёди территорияи Скандинавия дар минтақаи мӯътадил, канори аз ҳама шимолтари он бошад, дар минтақаи субарктикӣ ҷойгир аст. Иқлими қисми ғарбии Скандинавия баҳрист. Дарёҳои калонтарин: Гломма, Клар-Элвен, Турне-Эл, Дал – Элвен. Дар хамиҳои пайдоишашон тектоникӣ кӯлҳо бисёранд (калонтаринашон: Венерн, Веттерн, Меларен). Қариб 43% территорияи Скандинавия бешазор аст. Бештар ҳайвонҳои бешагӣ — гавазн, рӯбоҳ, заргӯш ва дар тундра леммингҳо вомехӯранд. Шахҳо ва ҷазираҳои назди соҳил пур аз паррандаҳоянд. Обҳои назди соҳил бошанд, равғанмоҳӣ шурмоҳӣ ва ғайра доранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …