СОССЮР (saussure) Фердинанд-Монжон де (26. 11. 1857. Женева — 22. 2. 1913, Вюфлан-сюр-Морж), забоншиноси швейцарӣ. Яке аз асосгузорони структурализм дар забоншиносӣ. Аз оилаи олими маъданшинос. Дар университетҳои Женева (1875), Лейпциг, Берлин (1876—80) таҳсил кардааст. Соли 1880 пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ ба Париж рафта, забонҳои эронӣ ва санскритро амиқтар омӯхт. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ тадқиқоти калони Соссюр «Рисола дар бораи системаи ибтидоии садонокҳои забонҳои ҳивдуевропоӣ» (1878) ба табъ расида буд. Соссюр мафҳуми системаи забонро (нигаред Системаи забон) ба асос гирифта, дар боби таркиби овозии забони мабдаи ҳиндуевропоӣ кашфиёти муҳими илмӣ ба миён гузошт. Аммо арзиши кашфиёти олимро муосирони ӯ фаҳмида натавонистанд. Танҳо дар асри 20 дурустии кашфиёти Соссюр исбот шуд. Соли 1916 тадқиқоти барҷастаи Соссюр «Курси забоншиносии умумӣ», ки шогирдонаш дар асоси лекцияҳои ӯ тартиб дода буданд, нашр гардид. Дар ин китоб, принципҳои асосии забоншпносии ҳозира (синхрония — диахрония, парадигматика — синтагматика, забон — нутқ) ба миён гузошта шудаанд. Тадқиқоти дигари Соссюр оид ба хусусиятҳои фонетикии забони литвонӣ («қонуни Соссюр- Фортунатов»), забони юнонии қадим ҳам аҳамияти илмӣ доранд.
Осор: Труды по языкознанию, Москва. 1977.
А. Горбачевский.