Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТТОРОВ Малик Абдусатторович

САТТОРОВ Малик Абдусатторович

САТТОРОВ Малик Абдусатторович (таваллду 8. 3. 1938, деҳаи Муғулони райони Ғиждувон, вилояти Бухоро), механики советии тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1980). Мактаби миёнаро дар райони Ғиждувон хатм кард. Университети давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудааст (1961). Баъд чанд муддат дар шӯъбаи физика ва математикаи назди Президиуми Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кор кард. Солҳои 1963— 1966 дар аспирантураи Институти гидромеханикаи Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (ҳозир Институти ба номи М. А. Лаврентев) таҳсил кардааст. Соли 1967 доир ба гидромеханикаи зеризаминӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Солҳои 1967—1980 ходими калони илмии Институти физика ва техника, баъд Институти математикаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аз соли 1980 мудири лабораторияи реологияи математикӣ ва филтрасияи моеъот дар муҳитҳои ковок мебошад.
Асарҳои Сатторов асосан ба муқаррар намудани қонуниятҳои филтрасияи моеъот, реологияи гидромеханикаи зеризаминӣ, бухоршавӣ ва инфилтрасияи об дар ноҳияҳои камнам, масъалаҳои таҷрибагузорӣ ва моделонии математикии ҳаракати обҳои зери- заминӣ ва татбиқи амалии онҳо оиданд. Зиёда аз 60 асари илмии Сатторов дар нашрияҳои илмии Академияи Фанҳои Тоҷикистон ва Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар муассисаҳои илмӣ чоп шуданд. А. Қурбонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …