Маълумоти охирин

САРВ

САРВ  – ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи сарвиҳо аст. То 20—25 (баъзан то 45 метр) қад мекашад, ғафсии танааш 30—70 сантиметр, то 2 ҳазор сол умр мебинад. Баргҳои навниҳоли Сарв сӯзаншакл (то 1 сантиметр) ва дарахтони калони он пулакчашакланд (1—2 миллиметр), ҷалғузааш мудаввар (диаметраш то 2—3 сантиметр), соли сеюм пухта, соли чорум кушода мешавад, тухмаш майдаи қанотакдор (5—7 миллиметр). Намудҳои гуногуни Сарв ба иқлими субтропикӣ хосанд.

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

Қариб 20 намуди Сарв дар кишварҳои баҳри Миёназамин (Эрон, Осиёи Хурд, ҷазираҳои баҳри Эгей, Крит ва Кипр), Сахара, Ҳимолой, Хитои Ҷанубӣ, Америкаи Шимолӣ мерӯянд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических СССР (Кавказ ва Крими Ҷанубӣ) Сарв чун ороиш хеле маъмул аст.

Сарв дар Шарқ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон аз қадимулайём маълум аст. Иқлими республика барои нашъунамои якчанд намуди Сарв мусоидат дорад. Дар солҳои охир хиёбону кӯча- боғҳои республикаро Сарви сарсабз ороиш медиҳад. Ниҳоли аз тухм рӯидаи Сарв дар се сол 1,5 метр қад мекашад.

Адабиёт: Деревья и кустарники Союза Советских Социалистических Республик СССР, том 1, Москва—Ленинград, 1949.; Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Душанбе, 1965.
М. Исмоилов.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …