Маълумоти охирин

САРОБ

САРОБ, дар атмосфера пайдо шудани як ё якчанд тасвири мавҳуми ҷисмҳо (биноҳо, дарахтҳо, айсбергҳо ва ғайра)-и дурро гӯянд, ки дар шакли роста ё чаппа, дарозрӯя ё пачақ ва ё умуман таҳрифёфта намудор мешаванд. Агар ҷисм зери уфуқ бошад, танҳо тасвири мавҳуми он намудор мешавад. Сароб ҳамчунин дар поёни ҷисм (Сароби н и ш е б), дар болои ҷисм (Сароби ф а р о з) ва дар паҳлӯи ҷисм (Сароби паҳлуӣ) ҷой гирифта метавонад.

sarob
Схемаи зухури сароб: а — сароби ни шеб; б — сароби фароз.
Шарҳи зуҳури Саробҳо дар натиҷаи дар атмосфера ғайриякҷинса тақсим шудани нишондиҳандаи шикаст (он бо тақсимоти ҳарорати ҳаво дар атмосфера алоқаманд аст) нурҳои рӯш- ноӣ каҷ мешаванд. Сароби фароз дар болои сатҳи сарди Замин ҳангоми тақсимоти инверсионии ҳарорат (яъне, ҳангоми баробари афзудани баландӣ баланд шудани ҳарорат), Сароби нишеб бошад, ҳангоми дар болои сатҳи ҳамвори тафсон (биёбон, роҳ, вуҷуд доштани градиенти амудии ҳарорат баробари афзудани баланди фаврӣ паст шудани ҳарорат) ба амал меояд. Тасвири мавҳуми осмон, ки дар сатҳи ҳамвор ҳосил мегардад, ба чашм чун об намоён мешавад. Чунончи, дар рӯзи сармои тобистон роҳ нам метобад- Сароби паҳлӯӣ баъзан дар назди девору ёнаҳои кӯҳҳои тафсида ба назар мерасад. Қ. Ҷумъабоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …