Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Сараҷян Константин Соломонович

Сараҷян Константин Соломонович

САРАҶЕВ, Сараҷян Константин Соломонович (9. 10. 1877, Дарбанд — 22. 7. 1954, Ереван), дирижёр, педагог ва ходими мусиқии советӣ, Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1945), Қаҳрамони Меҳнат (1921). Сараҷаев 1898 Консерваторияи Москваро (скрипканавозиро аз И. В. Гржимали ва контрапунктро аз С. И. Танеев омӯхтааст) хатм кардааст. Солҳои 1904—1906 аз А. Никиш (дар Лейпсиг) санъати дирижёриро омӯхтааст. Солҳои 1924—1935 оа оркестри симфонии ҳаваскорони Москва (соли 1926 ба он номи Сараҷаевро доданд) роҳбарӣ кардааст. Аз соли 1935 дар Ереван зиста, сардирижёри Театри опера ва балети ба номи А. Спендиаров (то 1939), сипас роҳбари бадеӣ ва сарди- рижёри филармонияи Арманистон шуда кар кард. Аз соли 1918 ба корҳои педагогӣ машғул шудааст (аз ҳамон сол профессор). Солҳои 1922—1935 дар Консерваторияи Москва ва аз соли 1936 дар Консерваторияни Ереван дарс додааст. Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …