Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ МЕБЕЛ

САНОАТИ МЕБЕЛ

САНОАТИ МЕБЕЛ, як соҳаи саноат, ки барои биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ мебел мебарорад. Истеҳсоли мебел аз замонҳои қадим маъмул аст. Дар Россияи тореволютсионӣ бештар косибон мебел месохтанд. Корхонаҳон фабрикию заводии ме- белбарорӣ дар ноҳияҳои Петербург, Москва, Рига, Киев ва ғайра ҷойгир буданд.

mebel
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсолоти калони мошинии мебел ба вуҷуд омад. Солҳои пешазҷангӣ корхонаҳои кӯҳнаи мебелсозии мамлакат аз нав таҷҳизонида шуданд. Дар Москва, Ленинград, Ереван, Чистопол, Армавир, Борисов, Гомел, Свердловск, Волгоград фабрикаҳои мебел бино ёфтанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945) корхонаҳои Саноати мебел асосан барои фронт маҳсулот бароварданд. Баъди ҷанг баробари барқароркунии кор- хонаҳои Саноати мебел дар корхонаҳои чӯббурию чӯбкорӣ сехҳои мебелсозӣ ба вуҷуд омаданд. С.аноати мебел махсусан баъди қабули қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии ИттифоқиСоветӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР оид ба тараққии сохтмони манзилгоҳ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1957) босуръат тараққӣ кард.
Саноати мебели Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дорои корхонаҳои хуб таҷҳизонидаи махсусгардонида (барои истеҳсоли ҳама навъҳои мебел — корпусӣ, мулоим, ошхона, бачагона, стулҳо ва ғайра), инчунин базаи мутараққии лоиҳаю конструкторӣ ва тадқиқоти илмӣ (барои ҳалли вазифаҳои минбаъдаи такмили сохти маснуот ва теҳнологияи истеҳсоли он) мебошад. Соли 1979 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба маблағи 5,5 миллиард сумина мебел ,бароварданд.
Саноати мебели Тоҷикистон яке аз соҳаҳои нави хоҷагии халқ мебошад. То ғалабаи Револютсияи Октябр асосан дар қисми шимоли Тоҷикистон (ҳозира вилояти Ленинобод) косибон мебел месохтанд. Соли 1933 дар шаҳри Сталинобод идораи комитети сохтмони манзилгоҳи Вазорати хоҷагии коммуналии Тоҷикистон ба кор сар кард. Саноати мебели республика аз ҳамин корхонаи косибӣ ибтидо мегирад. Дар он солхо маснуоти оддитарин — миз, курсӣ, катҳои чӯбин мебароварданд. Истеҳсоли оммавии мебел дар республика солҳои 50 ба роҳ монда шуд. Соли 1956 сохтмони фабрикаи мебел сар шуд ва дар заминаи он Комбинати мебели Душанбе (1963) таъсис ёфт. Соли 1961 фабрикаи мебели Ленинобод (иқтидори лоиҳавиаш 1,5 миллион сӯм) ба кор даромад. Дар ин давра сохтмони Фабрикаи мебе- ли Орҷоникидзеобод (иқтидори лоихавиаш 500 млиллион сӯм) ба охир расид. Соли 1964 дар базаи фабрикаҳои мебели Душанбею Ленинобод Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикмебел» барпо шуд. Истеҳсоли мебелро дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Иттиҳодияи «Тоҷикмебел»-и Вазорати саноати ҷангали Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Вазорати хизмати маишии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Вазорати саноати маҳаллии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Вазора- ти нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ӯҳда доранд. Кнсентрасия яа марказонии истеҳсолоти Саноати мебел меафзояд. Саноати мебел махсусан дар давраи панҷсолаи 10-ум хеле тараққӣ кард. Дар панҷсолаи 6-ум (1956—1960) 8,4 ва дар панҷсолаи 10-ум (1976—1980) 156,4 миллион сӯмина мебел бароварда шуд. Барои тайёр кардани мебел тахтаҳои аз пешрандаву лифи чӯб сохташуда ва масолеҳи полимериро низ истифода мебаранд, усулҳои самарабахши рангдиҳии маснуот такмил ёфта истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли навъҳои муҳимми мебел дар ҷадвал акс ёфтааст.
Тоҷикистон 0,5%-и ҳаҷми умумии мебели мамлакатамонро тайёр мекунад. И. Раҳматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …