САНОАТИ КӮҲКОРӢ, маҷмӯи соҳаҳои истсҳсолот оид ба ҷустуҷӯи сарватҳои табиии зеризаминӣ, истихроҷ ва коркарди аввалини онҳо. Саноати кӯҳкорӣ ба гурӯҳҳои асосии истихроҷи сӯзишворӣ (нефт, гази табиӣ, ангишт, варақсанг, торф); истихроҷи маъдан (маъдани оҳан, манган, маъданҳои ранга, металлҳои асилу нодир, элементҳои радиоактивӣ); саноати истихроҷи сарватҳои ғайриметаллию масолеҳи бинокории маҳаллӣ (мармар, хоросанг, ас-бест, бӯр, доломит, кварсит, каолин, гил, гаҷ, мергел, зағорасанг—шпати даштӣ, оҳаксанг); химияи кӯҳкорӣ (апатит, намакҳои калий, не-фелин, селитра, колчедан, маъдани бор, фосфат); гидроминералӣ (обҳои минералии зеризаминӣ, оби нӯшокӣ ва ғайра) ҷудо мешавад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР захираи навъҳои гуногуни ашёи хом ва сӯзишворӣ мавҷуд аст. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати захираи ангишт, торф, маъдани оҳану манган ва дигар сарватҳои табиӣ дар ҷаҳон ҷои 1-умро мегирад. Истеҳсоли баъзеи онҳо дар давраи Ҳокимияти Советӣ ба роҳ монда шуд. Истихроҷи сарватҳои табиии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик ОССР сол то сол меафзояд.
Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ҳавзаю конҳои сарват-ҳои табиӣ мавҷуданд: ҳавзаҳои ангишти Донеск, Кузнеск, Қараганда, Экибастуз, Печора; ҳавзаи маъдани оҳани Кривой Рог; Аномалияи магнитии Курск; кони маъдани оҳани вилояти Қустанай; ноҳияҳои нефтдори Уралу Поволжия, Сибири Ғарбӣ, Туркманистон, Кавкази Шимолӣ, Озарбойҷон.
Истихроҷи металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳои ҳудуди Тоҷикистон таърихи қадима дорад. Дар ин бора мавҷудияти осори қадимаи коркарди сарватҳои табиӣ, партови ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайра дар ноҳияҳои шимоли республика, қисман дар кӯҳсори Қаромазор (Такалӣ, Консон, Табошар, Олтинтопкан, Олмалиқ, Адрасмон, Конимансур ва ғайра) шаҳодат медиҳад. Лоҷуварду лаъли Бадахшон-ро зиёда аз 4 ҳазор сол пеш истеҳсол карда, ба машакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик мекашониданд. Ду ҳазор сол пеш дар Суғд ва Бохтар тилло ва дар Помири Шарқӣ (Бозордара, болооби дарёи Сасиқсу) нуқра истихроҷ мекарданд.
Кӯҳкорӣ охири асри 19 махсусан дар шимоли Тоҷикистон (Қаромазор) баъди ба водии Фарғона гузаронидани роҳи оҳан хеле инкишоф ёфт. Дар ин ҷо асосан сурб, нуқра, мис ва ғайра истихроҷ мекарданд. Аз соли 1882 дар кони Шӯроб ба миқдори кам ангишт ва аз соли 1900 дар кони Навкат (12 сол) мис истихроҷ карданд.
То Револютсияи Октябр сарватҳои табииро дастӣ ва ба миқдори кам истеҳсол мекарданд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ истихроҷу истеҳсоли металлҳои ранга босуръат афзуд. Дар республика захираи фаровони сарватҳои табиӣ — конҳои сурб, «рух, волфрам, мис, тилло ва дигар металлҳои рангаюнодир ёфт шуданд. Соли 1939 дар Шӯроб аввалин кони механиконидаи ангишти Тоҷикистон ба кор даромад. Ҳоло дар конҳои Шӯроб ҳамаи просессҳои кор — кандану аз кон баровардан ва ба вагонҳо бор кардани ангишт пурра механиконида шудааст. Солҳои панҷсолаи 3-юм дар наздикии Душанбе кони ангиш-ти Тошқӯтан ба кор даромад. Вале мисли пештара маркази саноати ангишти Тоҷикистон Шӯроб буд, ки аз нисф зиёди талаботи республикаро ба сӯзишвории сахт қонеъ , мегардонд. Кони ангишти кокси Фон — Яғноб (аз ҷиҳати захира ва сифат калонтарину беҳтарин кони ангишти кокси Осиёи Миёна) ҷолиби диққат аст. Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон муттасил меафзояд. Соли 1928 -ум 13 ҳазор тонна, 1940-ум 204 ҳазор тонна ва соли 1980-ум якманд маротиба зиёд ангишт истоҳсол карда шуд.
Истихроҷи нефти Тоҷикистон нисбатан суст буд (соли 1928-ум 10,9 ҳазор тонна ва сои 1940-ум 30 ҳазор тонна). Соли 1980 дар Тоҷикистон ҳазорҳо тонна нефт истиҳроҷ шуд. Нефти республика серкибрит аст, бинобар ин асосан ба эҳтиёҷи хоҷагии роҳ сарф мешавад. Исфти Тоҷикистон ҳамагй 10—15% талаботи истеҳсолоташро қонсъ мегардонад. Ба тараққии ин соҳаи саноат дар оянда диққати зиёд дода мешавад.
Саноати газ дар республика соҳаи нисбатан ҷавон аст ва барои инкишоф имконияти зиёде дорад. Солҳои 70 дар Тоҷикистон конҳои гази Қизилтумшуқ, Комсомол, Андигон ва Конибодом ба кор даромаданд; дар натиҷа соли 1973 беш аз 50%-и- баланси сӯзишвории республикаро газ ташкил дод. Истеҳсоли газ аз 52 миллион метр3 (1965) то 222 миллион метр3 (1980) зиёд шуд.
Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон истихроҷи металлҳои рангаю нодир хеле инкишоф ёфт. Соли 1926 кони маъдани Қаромазор тадқиқ ва ба истифода дода шуд. Соли 1934 Комбинати металлургии кӯҳии Такалӣ ва корхонаҳои сурбу руҳи Консой ва соли 1937 фабрикаи маъдантозакунии Консой ба кор даромад. Дар шимоли республика соли 1938 корхонаҳои Комбинати Адрасмон ва Комбинати Олтинтопкан, соли 1942 идораи кони Чоруқдаррон оид ба истихроҷу коркарди маъданҳоӣ сурбу руҳ, мис, волфрам ва металлҳои нодир сохта шудавд. Соли 1945 Комбинати сурмаю симоби Анзоб, конҳои волфрами Ҷелав, Сармаду Такфон ва охири солҳои 40 кони волфрами Кабудӣ, Майхура ва шпати гудохташавандаи Тагоб ба кор даромаданд.
Дар Тоҷикистон бисёр навъҳои масолеҳи бинокорӣ — гил, зардхок, регсанг, гаҷ, оҳаксанг, сангреза, ашёи хоми семент, рангҳои маъданӣ ва ғайра истихроҷ мешаванд. Конҳои кварсреги Қӯрғончин, ашёи хоми кӯҳӣ химиявии Пусхӯр, доломити Ёвон ва намаксанги Тутбулоқ ба истифода дода шуданд. Аз конҳои Хоҷамӯъмин ва Кони Намак (Қамишқӯрғон) намак мегиранд.
Солҳои охир Саноати кӯҳкории республика ба саноати металлургияи кӯҳӣ табдил ёфта истодааст, як қатор соҳаҳои он ба соҳаҳои махсусгардонидаи саноати Тоҷикистон мубаддал гарди- даанд. Ҳоло дар республика маъданҳои сурбу руҳ, сурмаю симоб, волфраму молибден ва ғайра истихроҷ мешаванд. Аз маъдани конҳои полиметаллӣ кибрит, кадмий, висмут, мис, аз кони волфрами Чоруқдарон молибдону барит, аз кони волфрами Майхура қалъагӣ низ мегиранд. Дар қаторкӯҳи Ҳисор комплекси конҳои волфрам, қалъагӣ, симоб, сурма, маргимуш, висмут, амолибден ва ғайра ёфт шудаанд. Конҳои Майхураро ба тарзи комплексӣ истифода меба- ранд. Дар натиҷаи вусъатёбии кофтуковҳои геологӣ ва корҳои ҷусгу- ҷӯӣ дар қаъри замини республика металлҳои сиёҳ, ранга, нодиру асил, аз сарватҳои табийи ғайриметаллӣ, кони шпати гудохташаванда, ашёи хоми карбонат (барои саноати химия) ёфт шуданд.
Дар қисми шимол ва марказии республика захираи сарватҳои металл бештар аст. Дар шимоли республика конҳои бештар перспективии маъдани оҳан ва конҳои асосии металлҳои рангаю нодири Осиёи Миёна ҷойгиранд, ки ҳоло қисми зиёди онҳо ба истифода дода шудаанд. Дар ин ноҳия конҳои ангиштсанг ва фосфоритҳо ҷойгир мебошанд. Дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор захираи намаксанг, газ, нефт, сланесҳои сӯзанда, торф, ангишт, фосфоритҳо, металлҳои рангаю нодир, масолеҳи бинокорӣ, ашёи хоми алюминий, обҳои гарму минералӣ мавҷуд аст. Захираи намаксанги кӯҳҳои Хоҷа Мӯъмин ва Хоҷасартоз ба 70 миллиард тонна мерасад. Дар ин ҷо як қатор конҳои доломит ва сиенатҳои нефелин (ашёи хоми алюминий) ёфт шуданд. Дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор кони ангиштсанги Зиддӣ мавҷуд аст. Дар водиҳои Ҳисору Вахш конҳои масолеҳи бинокорӣ — оҳаксанг, доломит, мармар, ашёи хоми хишту сафоли бомпӯшӣ, сангҳои бинокорӣ, рег, сангреза, гаҷ, ан- гидрит ва ғайра ҷойгиранд.
Дар шимоли республика, 20 километр дуртар аз Ленинобод кони маъдани оҳан (20% оҳан дорад) воқеъ гардидааст.
Дар Помир конҳои булӯри кӯҳӣ, асбест, абрақ, талқ, сангҳои суфта, масолеҳи бинокорӣ, металлҳои нодиру асил, ангиштсанг ва дигар навъҳои ашёи хоми маъданӣ ёфт шуданд. Манбаи зиёда аз 50 навъи обҳои гарму ҷӯш ва хунуки шифобахш маълум аст. Солҳои охир дар ин ҷо мавҷудияти сангҳои гуногун — скаполит, сфен, топаз, аквамарин, турмалин, амазонит, рутил ва ғайра ошкор гардид. Ҳоло як қатор конҳои булӯри кӯҳӣ ва масолеҳи бинокории Помир ба истифода дода шудаанд. Захираи ашёи хоми ин ноҳия барои тараққиёти минбаъдаи истеҳсолоти кӯҳию химиявӣ имконияти ка- лон дорад.
Дар панҷсолаи 11-ум суръати баланди тараққии металлургияи ранга (маҳсулоти умумии соҳа дар панҷсола беш аз 2 баробар зиёд мешавад), ба кор андохтани иқтидорҳои иловагии комбинатҳои маъдани кӯҳии Анзоб ва сурбу руҳи Адрасмоп ва ба истифода додани як қатор конҳои нав пешбинӣ шудааст. Дар оянда комбинатҳои маъдантозакунии Кончош, Шингу Моғиён ва ғайра сохта мешаванд
Адабиёт: Будницкий. М., Горная промышленность в ситеме народного хозяйства Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1965.
Л. И. Михойлушкино,