САНОАТИ ГАЗ, як соҳаи саноати сӯзишворист, ки ҷустуҷӯ ва истифодаи гази табиӣ, тавассути гулбаҳо ба ҷойҳои дур фиристодани он, аз ангишт ва сланес ҳосил кардани гази сунъӣ, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурдани онро дар бар мегирад.
Саноати газ охири асри 18 ва аввали асри 19 ба вуҷуд омадааст. Дар ибтидои асри 19 барои ҳосил кардани газ аз ангишт газогенераторҳо ба вуҷуд омаданд. Дар Россияи тореволютсионӣ газро ба миқдори кам дар корхонаҳои саноати нефт истеҳсол менамуданд. Гази табиӣ истихроҷ намешуд.
Саноати газ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР хеле тараққӣ кардааст. Истихроҷ ва истеҳсоли газ аз 0,02 миллиард метр3 (1913) то 435 миллиард метр3 (1980) афзудааст. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз нимаи дуюми солҳои 50 аз ҷиҳати истихроҷи газ дар Европа ҷои 1-ум ва дар ҷаҳон ҷои 2-юмро (пас аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ишғол мекард. Тараққии босуръати Саноати газ ба беҳтаршавии таъминоти ноҳияҳои алоҳида бо сӯзишворӣ ва инки- шофи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат мусоидат мекунад.
Захираи гази Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1971) . 15,8 триллион метр3 (дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка аввали соли 1909- ум 7,8 триллион метр3) буд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР захираи калони гази табиӣ дар ноҳияҳои шимоли вилояти Тюмен, Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Украина, Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон ҷойгиранд. Кашфи конҳои бойтарини Сибири Ғарбӣ — Уренгой (захирааш 3,8 триллион метр3) ва Заполярний (1,0 триллион метрй) аҳамияти махсус дорад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР қариб 600 кони газ ва конденсати газ маълум аст (1960). Тараққии Саноати гази Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар ҷадвал акс ёфтааст.
Истихроҷ ва истеҳсоли газ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, миллиард метр1
Соли 1968 муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва лоиҳакашии Саноати газ ва Вазорати геологияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР конструксияи пармачоҳҳои навро пешниҳод карданд. Дар конҳои гази Медвежя, Уренгой, Заполярия аз чунин чоҳҳо ҳар шаборӯз тақрибан 2—3 миллион метр3 газ мегиранд. Дар натиҷаи истифодаи пар- мачоҳҳои сермаҳсул лоиҳаи конҳои гази истихроҷи солонаашон 50—100 миллиард метр3 тартиб дода шудааст (1968), ки барои кам шудани арзиши аслии истихроҷи газ имкон медиҳад. Охири соли 1976 шабакаи умумии ғулбаҳои газгузарони магистралӣ ба 103,5 ҳазор километр расид, ки ин назар ба соли 1940-ум 345 маротиба зиёд аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ғулбаҳои диаметрашон калон ва фишори газгузарониашон то 7,5 М;н/м2 (75 кгс/м2) истифода меша- ванд.
Газификасияи маҳалҳои аҳолинишин боиси тоза нигоқ доштани ҳаво, беҳтар шудани шароити меҳнат ва маишати меҳнаткашон мегардад. Охири соли 1976 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дараҷаи таъминоти гази шаҳр ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ба 69% ва хоҷагиҳои деҳот ба 59% расид.
Гази табиӣ махсусан дар саноати химия, металлургия, сохтмони саноатӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо зиёд истифода мешавад.
Саноати гази Тоҷикистон яке аз соҳаҳои нави саноати сӯзишворист. Ҳавзаи нефту гази республика дар қисми шарқӣ ва марказии Тоҷикистон воқеъ аст. Захираи гази республика нисбатан. калон бошад ҳам, истеҳсоли саноатиаш хеле кам аст. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон микдори ками захираи гази Осиёи Миёна мавҷуд аст. Истеҳсоли газ дар республика сол то сол меафзояд. Дар республика соли 1940-ум 2,2, 1965- ум 52, 1970-ум 388, 1975-ум 419, 1980- ум 222 миллион метр3 газ истеҳсол шудааст. Кони калонтарини гази республика — Қизилтумшуқ соли 1964 ба кор даромад. Аз конҳои Айритон, Комсомол, Андигон, Шамбарӣ, Работ, Конибодом низ газ мегиранд. Гази табии республика дар корхонаҳои саноатӣ (Заводи семент, Стансияи электрии олавии Душанбе, 3аводи нуриҳои нит- рогендори Вахш) ҳарҷониба истифода мешавад.
Истифодаи газ дар хоҷагия меҳнаткашон сол то сол меафзояд. Миқдори хонаҳои бо газ таъмин аз 68,2 ҳазор (1965) то 388, 4 ҳазор (1976) расид. Эҳтиёҷ ба газ калон аст. Тоҷикистон аз республикаҳои дигар низ газ мегирад. Соли 1974 ба масофаи 295 километр шабакаи гулбаҳои газгузарони магистралии Калиф — Душанбе — Ёвон сохта шуд. Комбинати электрохимиявии Ёвон бо гази табиӣ кор мекунад. Аз мамлакатҳои сотсиалистии дигар Саноати газ бештар дар Руминия, Полша ва Венгрия тараққӣ кардааст. Бо мақсади бештар қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқ дар мамлакатҳои сотсиалистӣ корҳои ҷустуҷӯй ва муайян кардани захираҳои гази табии хеле вусъат дода мешавад.
Аз мамлакатҳои капиталистӣ Саноати газ бештар дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада ва Мексика тараққӣ кардааст.
Адабиёт: Боксерман Ю. И., Пути развития новой техники в газовой промышленности Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1964: А р с к и й А. К., Арянин А. Н., Промышленность природного газа капиталистических и развивающихся стран, Москва, 1969.
К. Шукуров.