Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ АСБЕСТ

САНОАТИ АСБЕСТ

САНОАТИ АСБЕСТ, соҳаест, ки корхонаҳои саноатии ба истихроҷи маъдани асбестӣ ва истеҳсоли асбест машғулбударо дар бар мегирад. Аз навъҳои гуногуни асбест хризотиласбест беш аз ҳама аҳамияти саноатӣ дорад. Масолеҳ ва маснуоти асбести дар саноатҳои автомобилу тракторсозӣ, авиасия, танксозӣ, энергетика, мошинсозӣ, сохтмон, нақлиёти роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо дорои аҳамияти калони хоҷагӣ ва ҳарбӣ мебошад. Дар ҷаҳон соле зиёда аз 3500 ҳазор тонна асбест истихроҷ мешавад. Аз асбест беш аз 3000 масолеҳу маснуоти гуногун мегиранд. Асбестро аз рӯи дарозии нахаш (аз 0,25 миллиметр то 18—25 миллиметр) ба 8 навъ ҷудо мекунанд.

asbest
Дар замонҳои қадим аз нахи асбест (санги фатила) пилтаи насӯ- зандаи шамъ ва барои қоҳинон либос тайёр мекардапд. Санъати тай- ёр кардани матоъҳои асбести дар Юнони Қадим, Хитой ва Ҳиндустон машҳур буд. Дар Россия Саноати асбестӣ охирҳои асри 19 рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1885 дар Урал (вилояти Свердловск) калонтарин дар ҷаҳон кони асбести Баженов ёфт шуд. Пеш аз револютсия конро ғорат мекарданд. Аксари корҳо дастӣ анҷом мешуданд. Соли 1913 зиёда аз 50% асбести Россияро ба хориҷа мекашонданд, маснуоти асбестиро бошад аз хориҷа меоварданд.
Саноати абести Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР асосан дар солҳои Ҳокимияти Совети ташаккул ёфт.
Соли 1928-ум 25,4 ҳазор тонна асбест бароварданд (назар ба соли 1913 зиёд аст). Дар панҷсолаҳои пеш аз ҷанг (1929 —1940) оид ба азнавсозии конҳои Баженов корҳои зиёде анҷом ёфтанд ва фабрикаҳои калони маъдантозакунии № 2 ва № 3 сохта шуданд. Баъди ҷанг дар натиҷаи кашфи конҳои нав захираи асбест хеле афзуд. Дар конҳои Баженов қабатҳои нави маъдан дар умқи то 1500 метр ёфт шуданд. Соли 1960 Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли асбест дар ҷаҳон ба ҷои 1-ум баромад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР се комбинати калонтарини асбест—«Кустапайасбест» (иқтидори солонааш 250 ҳазор тонна), «Туваасбест» .(20 ҳазор тонна) ва «Ураласбест» (2000 ҳазор тонна) мав- ҷуд аст. Соли 1980 Саноати асбест 7,3 миллиард плитаҳои шартӣ асбест (шифер) истеҳсол намудааст.
Дар натиҷаи механиконии комплексии корҳои кӯҳӣ ва ба кор бурдани таҷҳизоту технологияи самарабахш ҳосилнокии меҳнат дар конҳои асбест ва фабрикаҳои маъдантозакунӣ хеле афзуд.
Дар мамлакатҳои сотсиалистии дигар низ бисёр асбест истихроҷ мекунанд. Масалан, дар Югославия истихроҷи он соле қариб ба 10 ҳазор т ва Булгория — қариб 1,5 ҳазор тонна мерасад. Аз мамлакатҳои капиталистӣ дар бобати истихроҷи асбест Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Британияи Кабир дар ҷои аввал меистанд. Саноати асбест бештар дар Канада тараққӣ кардааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …