Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ РАССОМӢ

САНЪАТИ РАССОМӢ

САНЪАТИ РАССОМӢ, суратгарӣ, як навъи санъати тасвирист, ки ҳамчун асари бадеӣ тавассути рангҳо дар рӯи ягон чиз офарида мешавад. Санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, ба афкору эҳсоси бинанда таъсир мерасонад, дорои мундариҷаи хоси иҷтимоӣ ва вазифаҳои гуногуни идеологӣ мебошад. Дар асари Санъати рассомӣ рассом барои ифодаи ғояи муайяни мавзӯю сюжет интихоб мекунад, композитсия меофарад, аз рӯи масдар (натура) этюд ва эскизҳо эҷод менамояд. Дар Санъати рассомӣ усули монохромӣ ( истифодаи як ранг бо тобишҳояш) ва силсилаи рангҳои устувору ноустувор истифода мешавад, ки бо ёрии он тафовути рӯшноию тирагии предметҳо, мавқеи фазоии онҳоро дарк кардан мумкин аст. Дар Санъати рассомӣ ифодаи устокоронаи шакл, ҳаҷм, фазо, ранг, тобишҳои рӯшноию тирагӣ, истифодаи рахҳо ва ғайра аҳамияти калон дорад. Санъати рассомӣ аз рӯи таъинот ва вазифааш якчанд хел мешавад: монументалии о р о и ш ӣ (расмҳои рӯидеворӣ, панно, фреска, нигаред, Санъати монументалӣ), дастгоҳӣ (мусаввараҳо), ороишӣ (ороишт саҳнаи театр, кино, нигаред, Санъати ороиши саҳна), м и н ё т у р (мусаввараи китобу дастхатҳо, портрет ва ғайра нигаред, Минётур), диорама, панорама ва ғайра.

sanat

Вобаста ба мазмуни предмети тасвиршаванда ва падидаю ҳодисаҳои ҳаёт асарҳои Санъати рассомӣ жанрҳои зерин дорад: т а ъ р и х ӣ (тасвири воқеа ва шахсҳои таърихӣ), маишӣ (тасвири воқеаҳои ҳаёти рӯзмарра ва зинда-гии одамон), р а з м ӣ (тасвири лавҳаҳои ҳарбӣ, ҷанг ва ғайра), портрет (симои як ё якчанд шахси маълум), анималистика (тасвири олами ҳайвонот), манзара (тасвири манзараҳои табиат, шаҳр ва деҳот), на-тюрморт (тасвири ашёи беҷон), инчунин жанрҳои асотирию динӣ (тасвири ягон ғоя ва образ дар асоси сюжетҳои асотирию динӣ). Тех-никаи Санъати рассомӣ усулу воситаҳои офаридани асари рассомӣ, истифодаи материалҳо, тайёр кардани ранг, ба кор бурдани он ва ғайраро дар бар мегирад. Санъати рассомӣ вобаста ба техникаи офариниш ба намудҳои зерин тақсим мешавад: рассомӣ тавассути рангҳои равғанӣ (рангро бо равғани растанию локҳо омехта, тасвирро рӯи матоъ, чӯб, тахтаи филизӣ, картон ва ғайра меофаранд), р а н г ҳ о и оби рангро дар об маҳлул намуда, тасвирро рӯи андоваи тар (фреска) ва хушк (а секко) меофаранд, темпера (моддаҳои рангиро бо маҳлулҳои табиӣ ва сунъӣ, сафедию зардии тухму равғап, шираи гандум, ҷав ва дигар растаниҳо омехта, дар мусаввараҳои дастгоҳӣ, асарҳои ороишӣ-амалӣ ба кор мебаранд), рассомӣ тавассути рангҳои ш и р е ш ӣ (рангро бо ширеши аз набототу ҳайвонот ҳосилшуда ё ширеши сунъӣ омехта, барои офаридани панно, расмҳои рӯидеворӣ, ороиши саҳна истифода мебаранд), энкаустика (моддаҳои рангиро бо мум омехта, тасвирро асосан дар рӯи чуб, санг, баъзан матоъ меофаранд), эмал (рӯи фулузотро бо ҷисми сахти шишаосо пӯшида, сипас расм мекашанд, ба усули рассомии кулолӣ қаробат дорад), гуаш (асосан барои офаридани плакат, мусаввараҳои дастгоҳӣ, минётур, асарҳои ороишӣ истифода мешавад), пастел (асосан дар Санъати рассомӣ ва графика истифода мешавад), рассомӣ тавассути р а н г ҳ о и с и л и к а т ӣ (аз омехтаи ранги ширешию шишаи обшаванда, асосан барои ороиши биноҳо ва деворҳо ба кор меравад), рассомии сафолӣ (аз рангҳои ба ҳарорат тобовар ва оксиди филизот, барои ороиши маснуоти сафолӣ, зарфиёт истифода мешаванд). Мозайка (хо-тамкорӣ) ва витраж низ чун усули хоси офаридани тасвир дар Санъати рассомӣ мавқеи муҳим дорад. Асарҳои Санъати рассомӣ дар рӯи матоъ, картон, коғаз, чӯб, санг, шиша, филизот, гаҷ ва ғайра офарида мешаванд. Санъати рассомӣ таърихи тӯлонӣ дошта, намунаҳои ибтидоии он ба давраи палеолит мансубанд. Дар ин давра хокҳои сурх, зард, сафед, ҷигарӣ, лахчаи чӯб ба сифати ранг истифода шуда, тавассути ангуштон ё порчаҳои мӯина лаҳзаҳои шикор, ҳайво-ноти ҷудогона ва ғайраро тасвир мекарданд. Дар Санъати рассомии Мисри Қадим офаридани асарҳои монументалӣ, расмҳои рӯидеворӣ, рангубори ҳайкал, саркофаг ва матоъҳо маъмул гашт. Дар давраи атиқа Санъати рассомӣ дар алоқамандӣ бо меъморию ҳайкалтарошӣ инкишоф ёфта, хусусан фресканигорӣ ривоҷ ёфт. Дар асрҳои миёна имкониятҳои истифодаи рангҳои минералӣ ва органикӣ афзуда, дар Европаи Ғарбӣ, Византия, Давлати Рус, Кавказ ороиши ибодатхонаҳо, тазйиноти дастхатҳои динӣ, ва китобҳо, ки ба идеологияи динӣ асос ёфта буданд, васеъ паҳн шуд. Дар мамлакатҳои Осиёи Пеш ва Миёна, Ҳиндустон; Хитой, Япония санъати минётурнигорӣ инкишоф ёфт. Дар давраи Эҳё Санъати рассомӣ ба авҷи инкишофи худ расида, бузургтарин саромадони он Мазаччо, Боттичелли, Леонардо да Винчи, Микеланҷело, Рафаэл, Ҷорҷоне, Тисиам, Я. ван Эйк, П. Брейгел. А. Дюрер ва дигар дар асарҳои худ бузургию заковат, қудрату зебоии инсон ва ғояҳои инсондустиро тараннум намудаанд. Аз асри 17 сар карда жанрҳои Санъати рассомӣ шакл гирифт, услубҳои гуногун (готика, барокко, рококо, классисизм, натурализм, романтизм, реализм ва ғайра) ва мактабҳои миллии рассомӣ ба майдон омадаанд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба туфайли инқирози тамаддуни буржуазӣ дар Санъати рассомӣ равияҳои формалистию модернистӣ (нигаред, Модернизм ва Шаклпарастӣ) падид омаданд, ки баръакси реализм ғояҳои ва тамоюлоти санъатро инкор карда, ҳаётро яктарафа нишон медоданд. Санъати рассомии сермиллати совети ба прин-сипҳои партиявият ва халқияти санъат такя намуда, аз беҳтарин анъанаву бозёфтҳои Санъати рассомии рус ва ҷаҳонӣ баҳравар мегардад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар замимаи методи реализми сотсиалистӣ мактабҳои нави миллӣ ва равияю услубҳои нави эҷодӣ пайдо шуда, Санъати рассомии республикаҳои иттифоқӣ ба пояи боз ҳам баландтар мерасанд.
Санъати рассомии т о ҷ и к таърихи хело қадим дошта, намунаҳои ибтидоии он (тасвири шикори хирсон, хукҳои ёбоӣ ва ғайра) дар Помири Шарқӣ вомехӯранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15—10 то милод, Кӯртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит ҳазораҳои 6—3 то милод). Дар ҷануби Тоҷикистон осори маданияти давраи неолити Ҳисор (Шаҳристони Тутқавул, Сои Сайёд, Кӯҳи Бӯлиён) ёфт шудааст, ки ба ҳазораҳои 6—5 то милод мансуб буда, намунаҳои нисбатан содда ва асосан ба як ранг ифода шудани Санъати рассомиро дар бар мегиранд. Санъати рассомӣ (алалхусус тасвирҳои рӯидеворӣ) дар аҳди Бохтариҳо ва Кушониён дар зимни санъати меъморӣ инкишоф ёфта (бозёфтҳои Саксанохур, Шаҳринав, Ёвон, Кайқубодшоҳ, Кӯҳнақалъа, Халчаён, Тӯпроққалъа), тасвири лавҳаҳои ҳаётӣ, маишӣ, динӣ ва асотири дар қасру маъбадҳо ва биноҳои иқоматӣ маъмул гардид. Дар асрҳои 5—8 Санъати рассомии монументалӣ инкишоф ёфта, тавассути рангҳои ширешӣ рӯи андоваи лоӣ ва гаҷӣ офаридани тасвир анъана шуд. Тасвирҳои рӯидеворӣ назар ба муҷассомасозӣ маъмултар гардида, анъанаи маҳаллӣ, яъне осиёимиёнагии Санъати рассомӣ осори Панҷакент, Варахша, Афросиёб, Истравшан, Шаҳристон) ташаккул ёфт. Сюжети тасвирҳои рӯидеворӣ бештар саҳнаҳои базм, разм, маишат, маросимӣ қабул, лаҳзаҳои шикор, тасвири лавҳаҳои асотирию қаҳрамонӣ (Рустам, Сиёвуш) ва симоҳои муқаддасу худоён (Нана-Анаҳито, Шива) ва ғайраро дар бар гирифта, нафосати хос ва рангубори дилчасп доранд. Баъди истилои араб ва паҳншавии дини ислом Санъати рассомӣ дар Осиёи Миёна таназзул ёфт. Бо вуҷуди ин дар давраҳои минбаъда санъати минётурнигорӣ инкишоф ёфта, дар асоси сюжети асарҳои манзум офаридани минётур маъмул шуд. Доираи мавзӯоти минётур саҳнаҳои ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳои қабул, базму бозӣ, манзара, портрет ва ғайраро дар бар гирифта, усулу воситаҳои ифода ва мушоҳидаҳои ҳаётӣ дар он афзуд. Офаридани минётур кори заҳматталаб буда, аввал дар рӯи коғаз тарҳи тасвирро бо об мекашиданд. Сипас изи обро бо хати сурх ё сиеҳ аёнтар намуда, ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм мемолиданд. Баъди хушкидан варақро бо булӯр ё’ ақиқи сӯхта сайқал дода, рангҳои асилро кор мефармуданд. Дар таърихи минётур-нигории халқҳои тоҷику форс Камолуддии Беҳзод, Абдуллоҳи Мусав-вир, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Маҳмуди Музаҳҳиб, Содиҷбеки Афшор, Ризо Аббосӣ мақоми махсус доранд.
Санъати рассомии тоҷик алашхусус дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ривоҷ ёфт. Охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 ба То-ҷикистон як гурӯҳ рассомони рус, аз ҷумла, Е. Г. Бурсев, М. Г. Новик, Г. И. Фальбов омада, дар инкишофи Санъати рассомии тоҷик ҳиссаи калон гузоштанд. Дертар дар эҷодиёти рассомони тоҷик. А. Ашӯров, М. Хушмуҳаммадон, А. Н. Камелин ва дигар Санъати рассомии дастгоҳӣ инкишоф ёфт. Дар ташаккули шаклу жанрҳои гуногуни Санъати рассомии тоҷик И. А. Абдураҳмонов, В. М. Боборыкин, И. Л. Лисиков, А. Раҳимов, X. Хушвақтов, 3. Ҳабибуллоев, рассомони ҷавон С. Қурбонов, Р. Азимов, С. Шарипов ва дигар ҳиссан калон мегузоранд.
Адабиёт: Н е д о ш и в и н Г. Л., Беседы о живописи, 2 издание, Москва, 1964; х а м о н м уаллиф, Теоретические проблемы современ-ного изобразительного искусства, Москва, 1972; Ка н т о р А. М., Изобразительное искусство XX века, Москва, 1973; Искусство Таджикской Советской Социалистической Республики (Альбом, автор вступ. ст. Ленинград. Айни, 1972); С т а в и с к и й Б. Я.,’ Искусство Средней Азии. Дренний период. VI в. до нашей эры VIII века. нашей эры„ Москва, 1974; Ашрафи М. М„ Персидско-тад-жикская поэзия в миниатюре XVI—XVII веков„ Душанбе„ 1974; Очерки о художниках Таджикистана, Душанбе„ 1975.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …