САНҶАРИ ОҲУБАРРА (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастакор ва навозандаи асрҳои 16— 17 тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, санъати мусиқиро аз устод Муҳаррами Чангии Бухороӣ омӯхт. Санҷари Оҳубарра махсусан созҳон чанг, қонун ва танбӯрро ҳуб менавохт. Ӯ дар сурудхонӣ низ устод буда, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро иҷро менамудааст. Бино ба ахбори Дарвешалии Чангӣ Санҷари Оҳубарра чанд муддат ба Ҳирот рафта, аз санъаткорони он ҷо дарси маҳорат омӯхт, баъд ба зодгоҳаш баргашта, бо мӯсиқидонони замонаш Оҳуи Мусиқор ва Амирқули Танбӯрӣ ҳамкорӣ кард. Санҷари Оҳубарра чун бастакор низ шӯҳрати тамом дошт. Асарҳои ӯ «Пешрави Оҳубарра», «Нақши Санҷар», «Амали Оҳубарра» ва ғайра, ки дар усули мақомҳои «Бузург», «Ушшоқ», «Наво» тасниф шудаанд, дар замонаш машҳур будаанд. Санҷари Оҳубарра дар зодгоҳаш аз олам даргузаштааст. А. Раҷабов. САНҶАРШОҲ, димнаи шаҳри қадим дар Суғд. Санҷаршоҳ баъди Панҷакенти Қадим калонтарин шаҳри қадимаи саргаҳи водии Зарафшон ҳисоб меёфт. Дар масофаи 10 километр шарқтари Панҷакенти ҳозира ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 5 гектар, аз куҳандиз ва шаҳристон иборат аст. Санҷаршоҳ дар теппаи назди деҳаи Сӯҷина сохта шудааст. Вай росткунҷа буда, аз Ғарб ба Шарқ тӯл кашидааст. Куҳандиз ва шаҳристон бо ду қатор девор иҳота ёфта, кунҷҳои он бо манораҳои посбоннишин мустаҳкам карда шудаанд. Деварҳои Санҷаршоҳ аз 90 то 280 метр дарозӣ доранд. Онҳо аз похса ва хишти хом бунёд гардида, баландиашон аз 4—5 то ба 6— 7 метр мерасанд.
Аз рӯи порчаҳои зарфҳои сафолӣ ва намуди берунии осори меъморӣ Санҷаршоҳ ба асрҳои 5—12 мансуб аст.
Адабиёт: Смирнова О. И., Архсологические разведки в бассейне Зарафшана в 1947 году, Министерство Иностранных Академии Союза Советских Социалистических Республик, 7№ 15. Москва—Ленинград:, 1950.
А. Исҳоқов
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …