САЛОМАТ (таваллуд ва вафоташ номаълум), мутриба ва раққосаи эронии асрҳои 7—8. Дар Бағдод таваллуд шудааст. Аз Иброҳими Мавсили санъати сознавозӣ, таронахонӣ ва рақсро омӯхт ва яке аз беҳтарин санъаткорони аҳди халифа Ҳорунаррашид буд. Саломат дар сурудани таронаҳои ишқи ва маддӣ маҳорати тамом дошт, аз пешбарандагони услуби «ат-тариқат-ул-Аҷамия» (услуби таронасароии Мовароуннаҳру Хуросон) буд ва хеле шӯҳрат ёфт. Саломат дастаи калони раққосадоро сарварӣ менамуд. Раққосаҳои номии ин давра Данонир, Олия ва чанди дигар аз шогирдони беҳтарини Саломат будаанд. Саломат дар Бағдод вафот кардааст.