Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОҲОВ Тоир Теймурӯғлӣ

САЛОҲОВ Тоир Теймурӯғлӣ

САЛОҲОВ Тоир Теймурӯғлӣ (таваллудаш 29. И. 1928, Боку), рассом ва графики советӣ, Рассоми Халқии СССР (1973), аъзо-корреспонденти АР СССР (1966). Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар Омузишгоҳи рассомии ба номи А. Азимзодаи шаҳри Боку (1945—1950) ва Институти рассомии ба номи В. И. Сурикова Москва (1951—1957) тазсил кардааст. Солҳои 1963—1974 омӯзгори Институти санъати Озарбойҷон ба номи М. А. Алиев, аз соли 1973 профессор, аз соли 1975 ин ҷониб дар Институти рассомии ба номи В. И. Сурикови Москва дарс медиҳад. Асарҳояш: портрети бастакор А. Қаро-Қароев (1960, Нигористони Третьяков), «Таъмиргарон» (1961, Музейи санъати Озарбойҷон ба номи Р. Мустафоев, Боку), «Дар соҳили Каспий» (1967, моли ИР СССР, Москва; барои асарҳои номбурда Мукофоти давлатии СССР гирифт, 1968), «Баҳри нав» (1970, моли Вазорати маданияти РСС Озарбойҷон, Боку; Мукофоти давлатии РСС Озарбойҷон, 1970), силсилаи сиёҳқаламии «Дар Апшерон» (1969, моли ИР СССР), ороиши намоишномаи «Антоний ва Клеопатра»-и У. Шекспир дар Театри академии драмаи ба номи М. Азизбекови Озарбойҷон (1964, Мукофоти давлатии Озарбойҷон ба номи М. Ф. Охундов, 1965). Депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои 7—8), вакили съездҳои 23—24-уми КПСС. Котиби якуми Правленияи ИР СССР (аз соли 1973). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст .

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …