Маълумоти охирин

САЛЛА

САЛЛА дастор, амома, матои яклухтест, ки ба гирди тоқӣ, арақчин ва кулоҳ печонанд. Географ ва муаррихи Юнони Қадим Страбон навиштааст, ки модиҳо Салла мебастанд ва ин одати онҳо ба эрониҳо гузаштааст. Салла дар аҳди Сосониён, инчунин дар Фаластин ҳам маъмул будааст. Ислом ҳангоми намозхонӣ Салла бастанро ҳатмӣ эълон кард.

salla

Саллаи халқҳои гуногун аз ҷиҳати ранг, навъи матоъ, ҳаҷм ва тарзи бастан аз ҳам фарқ карда, ин фарқият на танҳо халқият, инчунин ба кадом табақаи иҷтимоӣ мансуб будани Саллабандро ҳам нишон медод. Масалан, Саллаи сабзро танҳо сайидону ҳоҷиён мебастанд. Дар Бухоро амалдорон, аъёну ашроф ва худи амир Саллаи тунуки ҳиндӣ мебастанд, ки аз сабаби сабукиаш онро Салла мисқолӣ мегуфтанд.
Одатӣ ба сари домод бастани Салла низ маъмул буд. Занҳо ҳам Салла мебастанд; масалан, дар Бухоро ҳангоми ба гаҳвора бастани фарзанди нахустин ба сари модари ҷавон Салла мебастанд, ки ин маросим саллабандон ном дошт.
Ад.: Сухарева О.. А., История среднеазиатского костюма, М., 1982.
С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …