Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДОВ Каримбой

САИДОВ Каримбой

САИДОВ Каримбой, У с т о Кари м б о й (1880, Хуҷанд —1965, шаҳри Ленинобод), наҷҷор ва устои созҳои мусиқии тоҷикӣ. Аз оилан дуред- гар. Пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр чӯбтарошӣ ва кандакорӣ карда,
брсёр асбобҳои миллӣ, ашёи рӯзгор месохт. Солҳои 1929—1942 дар Омӯзишгоҳи мусиқип Ленинобод устои созҳои мусиқӣ, 1942—1950 устои артели «Металлист»-и Ленинобод буд. Дар айни замон бо хонандагон доир ба сохту тарзи истифодаи созҳои мусиқӣ (дутор, танбур, рубоб, ғижжак ва ғайрп) машғулиятҳо мегузаронд. Саидов инчунин барои ҳунарпешагони Театри мазҳакаи мусиқии Ленинобод созҳои мусиқӣ тайёр мекард. Аксари созҳои мусиқии ансамбл ва оркестрҳои иштирокчии нахустни Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) маҳсули дасти Саидов буданд. Шӯҳрати Саидов ҳамчун устои асбобсоз на фақат дар Хуҷанд, инчунин дар Тошкент, Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Мнёна маълуму машҳур буд. Яке аз ғижжакҳои сохтаи Саидов дар Эрмитажи давлатӣ (Ленинград) маҳфуз аст. Саидов махсус барои Муҳиддин Аминзода танбуре сохтааст, ки ҳоло дар хона-музейи ӯст (Ленинобод). Шогирдонаш: Ҷумъабой Шарифов (1890—1946), Абдуқодир Абдурауфов (таваллудаш 1900):Яке аз шогирдони Саидов Абдурауф Абдуқодиров (таваллудаш 1921) касби устодашро дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод идома медиҳад. Созҳои мусиқӣ ва дигар чӯбкориҳои Саидов ва шогирдонаш дар НКХХ-и СССР (Москва) ба намоиш гузошта шудаанд.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …