Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДМУРОДОВ Ҳабибулло Муродович

САИДМУРОДОВ Ҳабибулло Муродович

САИДМУРОДОВ Ҳабибулло Муродович (таваллудаш 30. 7. 1933, шаҳри Ӯротеппа), иқтисодчии советии тоҷик, доктори илми иқтисодӣ (1972), профессори
(1976), аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон (1976). Аъзои КПСС аз соли 1958.
Соли 1955 УДТ-ро хатм кард. Солҳои 1955—1958 муаллими кафедраи таърихи университети номбурда, 1958—1962 аспирант. 1963—1973 ходими хурд ва калони илмӣ, мудири шӯъбаи таърихи хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсӣ ва аз соли 1973 раиси Совет оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунанда ва аз соли 1976 Саркотиби илмии Президиуми АФ РСС Тоҷикистон Саидмурод доир ба масъалаҳои инкишоф ва муносибатҳои истеҳсолии хоҷаги қишлоқ, иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва саноат, ташаккул ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда, тараққии Комплекси минтақавшо истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ, роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ ва ғайра зиёда аз 170 асари илмӣ нашр кардааст. Саидмурод баробари такомули муносибатҳои аграрӣ ташкил ва тараққиёти хоҷагии қишлоқи сотсиалистии Тоҷикистонро аз нуқтаи назари илмӣ исбот карда, қонуниятҳо ва роҳҳои ташаккули системаи сотсиалистии хоҷагии қишлоқ, тараққиёти бемислу монанд, қонуниятҳои умумӣ, хусусиятҳои тағйироти аграрӣ, пойдор гардидани системаи хоҷагии қишлоқро дар мисоли Тоҷикистон нишон додааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ac.: Муносибатҳои истеҳсолӣ дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Д.. 1965; Аз омоч ба трактор, Д., 1967; Назарияи ленинии роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ ва тадбиқи он дар Тоҷикистон, Д., 1969; Вазъияти ҳозира ва перспективаҳои тараққиёти комплекси территориявию истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон. Д.. 1980; Таърихи иқтисодии мамлакатқои хориҷӣ, Д., 1983; Построение фундамента со-циалистической экономики в сельском хозяйстве Таджикистана, Д., 1965; Очер¬ки истории народного хозяйства Таджи¬кистана (1917—1965 гг). Д., 1967; Разви¬тие экономики Советского Таджикиста¬на, Д., 1970; Industrialisation of formerly backward areas of the USSR. Moscow, 1968.
M. Ёқубов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …