Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САИДМУҲАММАД БОҚИРИ ACTAРОБОДӢ

САИДМУҲАММАД БОҚИРИ ACTAРОБОДӢ

САИДМУҲАММАД БОҚИРИ ACTAРОБОДӢ (cоли таваллудаш номаълум — вафоташ 1630, Наҷаф) мулаққаб ба Мирдомод ва «Муаллими солис», файласуф ва табиатшиноси машҳури давраи сафавияи Эрон. Дар Машҳад илм омӯхтааст. Аз Машҳад ба Қазвин ва аз он ҷо ба Кошон рафт ва дар Исфаҳон ба дарсгӯӣ машғул шуд. Бино ба маълумоти муаллифи «Райҳонат-ул-адаб» Муҳаммадалии Табрезӣ Саидмуҳаммад яке аз шогирдони олими маъруф ва файласуфи давраи сафавия шайх Баҳоуддини Омилӣ буд. Дар охири умраш ба Ироқ сафар кард. Таълифоти зиёде роҷеъ ба фалсафа, илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла ҳайъат, риёзиёт, тиб, адабиётшиносӣ ва ғайра дорад. Дар улуми нақлӣ, аз ҷумла усули ҳадис низ тадқиқот кардааст ва бо тахаллуси « Ишроқ» шеър гуфтааст, ки бештар мазмуни ирфонӣ дорад. Дар «Райҳоиат- ул-адаб» 47 асари ӯ номбар шудааст. Муҳимтарин асарҳои ӯ «Уфуқ-ул-му- байин», «Хулқ-ул-аъмол», «Қаба- сот», «Тақвим-ул-имон», «Завобит-ур- ризо», «Равошеҳ-ус-самовия», «Ташриқот фи масъалат-ил-ҳудус» мебошанд. Саидмуҳаммад таълиқоте низ ба китоби
«Шифо»-и Ибни Сино таълиф карда¬аст. Саидмуҳаммад дар таълимоти фалсафии худ бештар назарияи мактаби фалсафии ишроқия-ро идома додааст. Аз ин сабаб ӯро охирин намояндаи фалсафаи ишроқия медонанд.
М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …