Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САҲЛ ИБНИ ҲОРУН

САҲЛ ИБНИ ҲОРУН

САҲЛ ИБНИ ҲОРУН (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 830), насрнависи эронинажоди араб. Дар Басра ва Бағдод зиндагӣ кардааст. Пайрави мазҳаби шуубия, шахси ватанпарвар буд, анъанаҳои адабии пешазисломии эрониро дӯст медошт ва онҳоро дар адабиёти араб тарғиб мекард. Фозилу донишманд буд ва ҳамзамононаш ӯро «Бузургмеҳри ислом» мегуфтанд. Ибни Надим дар «Ал- Феҳрист» таълифоти зиёди Саҳл Ибни Ҳорунро ном бурдааст, ки чанде аз онҳо, аз қабили «Ан-Нимр ва-с-Саълаб» (ҳикояти тамсилӣ дар пайравии ҳикоятҳои «Калила ва Димна»), «Ал- Ихвон» («Бародарон»), «Ад-Дарабайни» («Ду тариқат»), «Ал-Ғазалайни» («Ду ғазал»), «Рисола дар бораи бахилон» ва ғайра то ба замони мо расидаанд.
М. Умаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …