САДРУДДИНИ ШЕРОЗӢ Муҳаммад ибн Яҳёи машҳур ба Садрулмутаолиҳин ва Мулло Садро (1572, Шероз —1640, Басра), яке аз намояндагони мутааххири фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ. Маълумоти ибтидоиро дар назди падараш гирифтааст. Баъд аз вафоти падараш ба Исфаҳон меояд. Дар назди файласуфи машҳури давраи сафавия шайх Бадоӣ улуми ақлӣ ва нақлӣ ва дар назди Мирдомод фалсафаю улуми дунявиро меомӯзад. Баъд ба Шероз бармегардад, аммо дар ин ҷо ба таъқиби рӯҳониён рӯ ба рӯ шуда, ба шаҳри Дум меояд ва дар деҳаи Кӯҳак сокин мешавад. Дар ин ҷо ба навиштани осори фалсафии худ машғул мегардад. Бо таклифи ҳокими Шероз Оллоҳбердихон ба он ҷо омада, дар Мадраса дарс мегӯяд.
Садруддини Шерозӣ беш аз 50 асар ба забони арабӣ таълиф намудааст. Аксари он ба масъалаҳои гуногуни фалсафӣ оиданд. Муҳимтарини онҳо «Ал-мабдаъ ва маод», «Рисолат-ут-ташаххус», « Рисолат-ул-ҳудус», «Алҷабр ват-таф- виз», «Шавоҳид-ур-рабубия фӣ манохиҷ-ис-сулукия», «Машоир», «Таълиқот фӣ ҳикмат-ил-ишроқ», «Каср- ул-асном-ул-ҷоқилия» ва ғайра. Асари асоситаринаш « Ал-асфор-ул-ақли-ал- арбаа»-ро дар охири умр навишта, дар он маҷмӯи масъалаҳои фалсафии дар асарҳои пешинааш баёнёфтаро ҷамъбаст намудааст.
Дар масъалаи онтологӣ Садруддини Шерозӣ моҳияти ягона (воҷибулвуҷуд)-ро нуқтаи олии ҳасти пиндошта, онро манбаи пайдоиши олами моддӣ медонад. Намояндагони мактаби фалсафии машшо назарияи судури оламро эътироф карда, таълимоти силсилаи маротиби вуҷудро ба миён овардаанд. Садруддини Шерозӣ низ дар таълимоти худ роҷеъ ба пайдоиши олам силсилаи маротиби вуҷудро пазируфта, онро ба таври худи инкишоф медиҳад. Садруддини Шерозӣ ҳастиро асос ва новобаста аз ҳеҷ гуна мафҳум вуҷуддошта пиндошта,
худи мафҳум ва моҳиятҳои даркшавандаро маҷмӯи нишона ва хусусиятҳои он медонад. Яъне аз назари ӯ ҳастӣ вуҷуди ҷавҳариро дорост ва мафҳум ё худ моҳиятҳои даркшаванда арази ҳамон ҳастии ҷавҳарианд. «Дар олами моддӣ вуҷуди хосе мавҷуд аст, ки он иллати мавҷудияти моҳият бошад ва ба он Либоси ҳақиқӣ пӯшонад» («Ал-асфор-ул-ақли- ал-арбаа» ҷ. 1, саҳ. 65).
Масъалаи ҷавҳар ва араз ҳамчун зуҳуроти ҳастӣ дар таълимоти Садруддини Шерозӣ мақоми махсус дорад. Асоси ҳастӣ, ки он дар фалсафаи асрҳои миёна зот ё худ мавзӯъ номида мешавад, ҳам барои ҷавҳар ва ҳам араз умумӣ буда, асоси ҷавҳар модда аст ва аразҳо танҳо яке аз ҷиҳатҳои ҷавҳар ё худ ҷисмро шарҳ дода, онро пурра мегардонаид, хусусияту нишонаҳои онро маълум месозанд. Садруддини Шерозӣ ҷавҳарро мисли пешгузаштагони ғоявиаш ба модда, сурат, ҷисм, нафс, ва ақл тақсим кардааст. Навъи аввали ҷавҳар—модда дастии билқувва мебошад, ки хосияти ба худ қабул намудани суратро, дорад. Сурат бошад, ба модда шакл дода, онро аз ҳолати билқувва ба ҳолати билфеъл мубаддал мегардонад. Ҷисм аз ягонагии модда ва сурат иборат буда, хосияти сеченакиро дорост. Ба ғайр аз ин Садруддини Шерозӣ хосияти ҳаракати ҷисмро ҳамчун тағйирёбӣ ва камолот донистааст. Садруддини Шерозӣ сабаби ҳаракати ҷисмро берун аз он наҷуста, ҳаракатро зоҳиршавии қонуниятҳои дохилии ҷисм дар макон ва замон донистааст. Ин ақида ҷиҳати материалистии таълимоти Садруддини Шерозиро дар таъвилу таъбири ҷавҳари моддӣ ва ҳаракати он нишон медиҳад.
Дар таълимоти фалсафии худ Садруддини Шерозӣ ҳаракати ҷавҳариро яке аз шаклҳои ҳаракат шуморида, манбаи онро дар дохили ҷисм медонад. Мувофиқи ир назария ҳаракати ҳар як ҷавҳари моддӣ тағйир ва такомули тибиии он мебошад, яъне дар ҳаракати ҷавҳарӣ на фақат араз ё зоҳири ҷисм, балки ҷавҳари ҷисм низ таҳти ҳаракат қарор мегирад. Бар хилофи таълимоти мутафаккирони машшо, ки фақат ҳаракати арзиро эътироф намудаанд, Садруддини Шерозӣ таъкид намудааст, ки чун оқибат аз сабаби муайян вобаста аст, «тағйир ва таҷдиди араз аз тағйир ва таҷдиди ҷавҳар вобаста аст, ки он худ камолот бошад» (ҳамон ҷо ҷ. 3, саҳ. 74). Таълимоти «ваҳдат ва касрат»-и Садруддини Шерозӣ робита ва ягонагии олами улвию сифлиро талқин мекунад. Ҳарчанд ин масъала дорои мазмун идеалистист робита ва ягонагии байни оламҳоро ба воситаи ҳаракати ҷавҳарӣ барқарор намудан ҷиҳати мусбати афкори натурфалсафии мутафаккир мебошад. Назари Садруддини Шерозӣ дар бораи макон ва замой ба таълимоти Ибни Сино ва дигар намояндагони мактаби ӯ қаробати зиёде дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар он ҳаралати ҷавҳарӣ ҳамчун тағйир ва тараққиёт нишон дода шудааст, муносибати рӯҳ (нафс) ба тан аст. Мутафанкирони гузашта рукро бо тан як ҷо ҳодисшуда (бавуҷудомада) дониста, рӯҳро нисбат ба тан аз ҷиҳати мукаммалӣ ва дараҷаи инкишоф афзалтар мешуморанд. Аз ин рӯ, муносибати рӯҳ ба тан муносибати ҷавҳарӣ набуда, он фақат нисбияти аразӣ дорад ва бо нест шудани тан рӯҳ аз байн намеравад. Садруддини Шерозӣ низ рӯҳро бо тан як ҷо ҳодисшуда медонад, вале чунин мешуморад, ки гӯё рӯҳ дар аввали пайдоиш заифу нотавон буда, ба воситаи ҳаракати ҷавҳарӣ тағйир ва инкишоф ёфта, аввал ба дараҷаи ҳиссӣ,баъд ба дараҷаи хаёлӣ ва ниҳоят ба дараҷаи муҷаррад мерасад.
Садруддини Шерозӣ дониши ҳиссиро натиҷаи таъсири олами беруна дониста, онро ҳастии муҷаррад дар тафаккури инсон номидааст. Дар ии бора ӯ на-виштааст:”… дониши ҳиссӣ аз ашёи маҳсус ба вуҷуд ояд, ки он ҳастии муҷаррад бошад” (ҳамон чо, ч. 6, саҳ. 155). Аҳамияти дониши ақлиро дар просесси маърифат нишон дода, Садруддини Шерозӣ таъкид мекунад, ки ба воситаи органзои ҳис инсон хусусиятҳои ҷузъиро дарк менамояд, вале ақл бо ёрии донишҳои ҳиссӣ воқеиятро маърифат мекунад. Дар ҳамин замина Садруддини Шерозӣ таносуби донишҳои ҳиссӣ ва ақлиро дар доираи афкори ратсионалистии асрҳои миёнаи Шарқ нишон додааст.
Ад.: Fazlur Rahman, The philosophy of Mulla Sadra, Albani, 1975.
M. Ҳазротқулов.
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …