Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САДРИ ҶАҲОН

САДРИ ҶАҲОН

САДРИ ҶАҲОН, унвони ҳокимони феодалии Бухороӣ охири асри 12 ва ибтидои асри 13 аз хонадони Бурҳон. Аввалин шахси ба ин унвон соҳибшуда фақеҳи тариқати ҳанафия Абдулазиз ибни Умар буд, ки ӯро Султон Санҷари салҷуқӣ раиси (ҳокими) Бухоро таъин кард. Сонитар Садри ҷаҳон ба тобеияти Қарахониён афтод, вале ба василаи дастгирии шаҳриёни бой тадриҷан аз тобеият баромад. Садрҳои ҷаҳони бухороӣ ба раисони меросӣ табдил ёфта, замин ва ҳокимияти калонеро (ҳатто баъди ҳуҷуми муғулҳо) соҳиб буданд. Садри ҷаҳон заминҳои зиёди вақфро назорат мекард, корхонаҳои савдо, ҳунармандӣ ва ғайра дошт. Соли 1206 бар зидди зулму асорати садрҳои ҷаҳон дар Бухоро шӯриши халқӣ cap зад, ки ба он ҳунарманд Малик Санҷар роҳбарӣ мекард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …