СУЗИШВОРИИ РАКЕТӢ, модда ё маҷмӯи моддаҳост, ки дар муҳаррики ракетӣ (ФЖР) чун манбаи энергия ва ашёи корӣ барои ҳосил кардани қувваи ҳаракатдиҳанда истифода мегардад. Сузишвории ракетӣ ду хел мешавад: химиявӣ (энергияи зарурӣ дар натиҷаи реаксиҳои химиявӣ ҳосил мешавад) ва ғайрихимиявӣ (электри табдилоти дохилиядроӣ ё энергияи электрӣ ба моддаҳои махсус — ҷисми корӣ ё манбаи он дода мешавад). Аксари МР-и ҳозира бо Сузишвории ракетии химиявӣ кор мекунанд. Маъмулан Сузишвории ракетии химиявии моеъ ва сахтро истифода мебаранд. Ҳамаи компоненгҳои Сузишвории ракетии моеъ дар шароити истифода аз ҳам ҷудо буда, ба камераи сӯзиши МР бо насосҳо ё гази фишурда алоҳида-алоҳида ронда мешаванд. Оксидкунанда ва сӯзишвории моеъ ба ҳам расида, ба реакция дохил мешаванд ва омехтаи зудафрӯзанда ҳосил мекунанд. Техникаи ракетии кайҳонӣ ба истифодаи Сузишвории ракетии моеъ, ки хеле пурсамар аст, асос меёбад. Сузишвории ракетӣсахт аз омехтаи якҷинсаи компонентҳо иборат аст. Импулси хоси Сузишвории ракетии сахт назар ба импулси хося Сузишвории ракетии моеъ камтар мебошад. Дар Сузишвории ракетии гибридӣ компонентҳо дар ҳолатҳои гуногуни агрегатӣ воқеанд (масалан, оксидкунандаи моеъ сӯзишвории сахт, оксидкунандаи сахт сӯзишвории моеъ). Ба Сузишвории ракетии ғайрихимиявӣ сӯзишвории ядроӣ ва сӯзишвории электрӣ мансубанд.