Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУСТАМИ ХУРИЁНӢ Хоҷа Низомуддин

РУСТАМИ ХУРИЁНӢ Хоҷа Низомуддин

РУСТАМИ ХУРИЁНӢ Хоҷа Низомуддин (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1430), шоири форс-тоҷик. Дар Хуриёни Бастон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Рустами Xуриёнӣ дар дарбори подшоҳони темурӣ хидмат кардааст Мувофиқи маълумоти тазкираҳо девони Рустами Xуриёнӣ дар замони зиндагиаш маъруф буда, навъҳои гуногуни шеърро дар бар мегирифтааст. Шоир дар сурудани қасидаву ғазал табъи ба¬ланд доштааст. Девони Рустами Xуриёнӣ ҳоло дастрас нашудааст. Ғазалҳо ва абёти парокандааш дар тазкираву баёзҳо масбутанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …