РУҲ, рӯй, синк (Zincum), Zn, элементи химиявии гурӯҳи II систе¬маи даврии Менделеев; рақами атомиаш 30, массаи атомиаш 65, 38; 5 изотопи собит дорад. Хӯлаи Руҳ бо мис — латун ба Юнониён ва мисриёни қадим мазлум буд. Истеҳсоли саноатии Руҳ аз асри 17 расм шудааст.
Қисми зиёди Руҳ барои аз занг за¬дан нигоҳ доштани (синконӣ) пӯлод сарф мешавад. Аз Руҳ барои са¬молёту мошинҳои гуногун деталҳо месозанд. Хӯлаҳои Руҳ бо мис (латун, нейзилбер), сурб ва металлҳои дигар дар бисёр соҳаҳои техника истифода мешаванд. Руҳ дар истеҳсоли люминофорҳо, масолеҳи нимноқилӣ, манбаъҳои химиявии ҷараёни электр ва ғайра низ ба кор меравад.
Руҳ элементи барои ҳаёт зарур аст. Вай дар бофтаи набототу ҳайвонот доимо вуҷуд дорад. Дар таркиби ферментҳои муҳимтарин (карбозигидраза, фосфатаза, протеиназа ва ғайра) мавҷуд буда, дар аксари реаксияҳои ферментатинии ҳуҷайраи зинда иштирок мекунад. Аз норасоии Руҳ организм суст инкишоф ёфта одам дер ба балоғат мерасад; аз барзиёдии Руҳ бошад, организм заҳролуд мешавад. Дар тиб маҳлул, суда, хамира, марҳаме, ки дар таркибаш руҳ дорад, чун доруҳои мусаддид ва бесирояткӯнанда истифода мебаранд.