Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ КАВКАЗИ ШИМОЛӢ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ КАВКАЗИ ШИМОЛӢ

rs-kavkazi-sh

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ  КАВКАЗИ  ШИМОЛӢ (РСКШ), 7 июли 1918 дар Екатеринодар (Краснодар) Съезди 1-уми Советҳои Кавкази Шимолӣ аз рӯи маърӯзаи комиссари фавқулоддаи Россияи Ҷанубӣ Г. К. Орҷоникидзе эълон кардааст. Ин республика барои мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ ва муттаҳид намудани қувваҳои меҳнаткашон дар солҳои ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбии 1918—20 ташкил карда шуд. Вай республикаи Советии Ку- бану Черноморск, Республикаи Советии Тер, Республикаи Советии Ставрополро муттаҳид менамуд ва ба ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дохил буд. Съезди Советҳои Кавкази Шимолӣ дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани декретҳои ҳукумати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, ташкил кардани армияи тавоно, ба ноҳияҳои марка- зии мамлакат бо озуқаворӣ ёрӣ додан, пурзӯр кардани муборизаи зидди контрреволютсияи дохили резолютсия қабул кард; Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ интихоб гардид (раисаш болшевик А. И. Рубин), ки ӯ Совети револю- тсионии Кавкази Шимолиро ташкил кард. Ҳуҷуми қӯшунҳои гвардиячиёни сафеди Деникин ба Кубан ва Ставропол, исёни кулакҳо дар Терек, ба мустаҳкам шудани диктатураи пролетариат муқобилат нишон додани эсерону меншевикон вазъияти Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ-ро бад карданд. Дар баробари Екатеринодарро ишғол кардани деникинчиён (17 августи 1918) Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ ба Пятигорск кӯчид. 21 октябри 1918 бо фармони моҷароҷӯй Сорокин, ки ба қӯшунҳои советии Кавкази Шимолӣ фармондеҳ буд, роҳбарони Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ Рубин, В. Крайний (М. И. Шнейдерман) — раиси комитети Кавкази Шимолии РКП(б) парронда шуданд. 28 октябри 1918 дар стансия Невинномис Съезди 2-юми фавқулодаи Советҳои Кавкази Шимолӣ барпо гардид, ки он Комитети Иҷроияи Марказии  Республикаро ташкил кард. Дар охири соли 1918, баробари қисми зиёди республикаро ишғол намудани гвардиячиёни сафед Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ мавҷудияти худро бас кард. Декабри 1918 Президиуми Комитети Иҷроияи Марказӣ  КИМ Умумироссия дар бораи барҳам додани Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ РСКШ қарор қабул намуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …