РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Дмитрий Сергеевич (7. 4. 1876, Петербург — 25. 6. 1940, Ленинград), физики советӣ, яке аз асосгузорони саноати оптикӣ дар СССР, акад. АФ СССР (1929, аъзо-корр. 1925). Унститути Петербургро хатм намуд (1900). Со¬ли 1901 таҳсилро дар Лейпсинг ва Гисен давом дод. Аз соли 1903 дар Университети Петербург кор кард (аз соли 1916 профессори). Дар ҳамин университет шӯъбаи физикаро ташкил намуда, дар таълими физика навигариҳо ҷорӣ намуд. Бо ташаббуси Рожденственский соли 1918 институти давлатии оптика таъсис ёфт, ки Рожденственский то соли 1932 дирек¬тор ва роҳбари илмии он буд. Дисперсияи аномалиро дар буғҳои нат¬рий тадқиқ кард ва усули муайян кардани дисперсияи аномалии миқдориро кашф намуд (1910). Ин кашфиёти Рожденственский барои омӯхтани диспер¬сияи аномалӣ дар буғҳои металлҳои гуногун истифода шуд ва дар натиҷа доир ба интенсивияти хатҳои спектрӣ ва сохти атом маълумотҳои муҳим гирифта шуд. Минбаъд Рожденственский ин усулро барои омӯхтани диспер¬сияи аномалӣ дар буғҳои металлҳои душворгудоз татбиқ намуд. Барои ин ӯ кураи вакумиро, ки дар он ҳарорат то 30000С мерасид, истифода бурд. Рожденственский ба коркарди назария ин таснифи спектрҳои атомӣ саҳми ка¬лон гузошт, нахустии ақидаро оид ба табиати магнитии дублетҳо ва триплетҳои спектрӣ пеш ниҳод. Солҳои 1939—1940 як қатор корҳоро оид ба назарияи микроскоп ядро намуд, ба роли муҳими инторференсия ҳангоми пайдошавии тавсир дар мик¬роскоп баҳо дод. Мактаби олимон- оптикҳои СССР-ро ба вуҷуд овардааст.