РОЛИ ОММАИ ХАЛҚ ДАР ТАЪРИХ, яке аз масъалаҳои асоси дар назарияи инкишофи ҷамъият. Бар хилофи сотсиологияи томарксистӣ ва буржуазии имрӯза, ки оммаи халқро «анбӯҳи ноқобил» дониста, шахсони бузургро эҷодкори таърихи
халқро қувваи асосии ҳаракатдиҳанда ва эҷодкори таърих меҳисобад. Мафҳуми «халқ» мазмуни конкретию таърихӣ дорад. Дар ҷамоаи ибтидоӣ ҳамаи аҳолиро халқ мегуфтанд. Дар форматсияҳои синфию антагонистӣ халқ, пеш аз ҳама, оммаи меҳнаткаш, қисми зиёди аҳолӣ мебошад, ки манфиаташон ба мақсадҳои синфи ҳукмрон комилан мухолиф аст. Дар давраҳои муайяни таърихб мафҳуми «халқ» синфҳои) ғайримеҳнатиро (масалан, муборизаи буржуазияи ҷавон ба муқобили феода¬лизм 6 мӯборизаи буржуазияи мил¬лӣ бар зидди империализм ва мус- тамликадорӣ) низ ифода мекунад.
Мавқеи ҳалкунандаи оммаи халқро дар таъфих эътироф кардан аз он принсипи муҳимми материализми таърихӣ бармеояд, ки истеҳсолоти моддӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ асосӣ буда, омилҳои иҷтимоию сиёсӣ ва маънавӣ ба он вобастаанд. Ом-маи меҳнаткаш бошад, қувваи асосии истеҳсолкуландаи ҷамъият аст. Ҳамаи сарватҳои моддӣ маҳсули дасту хиради онҳост.
Халқ фақат қувваи асосии истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ нест. Вай дар инкишофи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Муборизаи халқ ба муқобили сннфҳои истисморкунанда кувваи инкишофдиҳандаи ҳамаи форматсияҳои антагонистӣ мебошад. Халқ дар мубориза ба муқобили синфҳои истисморгар озодиҳои демократӣ ба даст оварда, барои прогресси ҳаёти сиёсии ҷамъият шароит фароҳам меорад. Дар давраи револютсияҳои иҷтимоӣ фаъолии иҷтимоии халқ ба авҷи) аъло мерасад. «Револютсияҳо,— менависад В. И. Ленин,— иди мазлумон ва истисморшавандагонанд. Оммаи халқ ғайр аз замони револютсия дар ҳеҷ вақт қобил нест, ки ҳамчун эҷодкори фаъоли тартиботи нави ҷамъиятӣ ба майдон барояд» (Ленин В. И., Ac., ҷ. 9, с. 105).. Ҳама чизи пешқадаме, ки дар ганҷинаи) тамаддуни ҷаҳонӣ офарида шудааст, билохир бо истеъдоди оммаи халқ пайваст аст.
Марксизм ба Роли оммаи халқ дар таърих муносибати конкретии таърихӣ мекунад. Мавқеи оммаи халқ дар ҳар форматсияи ҷамъиятию таърихӣ якхела нест. Бо вуҷуди ин дар таърихи ҷамъият мунтазам баланд шудани мақоми халқ қонунияти объективист. Фаҳмиши илмии Роли оммаи халқ дар ткърих барои ба фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ, роҳбарони сиёсӣ, ходимони илму маданият баҳои дуруст додан аҳамряти калон дорад. Оммаи халқ ва шахсиятҳои таърихӣ ду ҷиҳати просесси ягонаи таърихист. Қонунҳои объективии таърих, ки дар фаъолияти оммаи халқ зуҳур меёбанд, роҳи инкишо¬фи ҷамъият, моҳияти просессҳои таърихиро муайян мекунанд. Шахсият ҷараёни таърихиро тағйир дода наметавонад. Вай қонунҳои объективии ҷамъиятро инкор карда ҳам наметавонад. Вале шарҳи ил¬мии ҳодисаҳои конкретии таърихӣ ва иҷтимоӣ ба инобат гирифтани мавқеи шахсоиро дар таърих тақозо мекунад. Ба майдон омадани шахсони бузург ба шароити конкретии таърихӣ ва талаботи ҷамъиятӣ вобаста аст. Шахсони бузург одатан дар давраи дигаргуниҳои қатъия таърихи ҷаҳонӣ пайдо мешаванд. Шахсият фақат дар сурати талаботу вазифаҳои синфҳо ва ҷамъиятро нисбат ба дигарон амиқтар дарк кардан, барои амалӣ гардидани онҳо фаъолона кӯшидан шахсияти таърихӣ, бузург шуда метавонад. Шах¬сияти таърихӣ ба инкишофи таърих таъсири мухталиф расонида ме¬тавонад.
Ҳар як синф дар мубориза барои манфиатҳои умда сарварони сиёсӣ, доҳиён ва идеологҳои худро ба миён меорад. Синфи коргар ҳам дар рафти муҳорибаҳои шадиди синфӣ ба муқобили буржуазия доҳиёни худро ба майдон овардааст. К. Маркс ва Ф. Энгелс чун идеологҳои синфи коргар вазифаи умумиҷаҳонию таърихии синфӣ, коргарро ошкор сохта, муборизаи онро бо програм¬маи илмӣ (мусаллаҳ намуданд.
Дар мамлакати мо тайёр кардан ва ба амал овардани револютсияи сотсиалистӣ В. И. Ленинро ба миён овард. В. И. Ленин ҳамчун шахсияти бузург бунёдгузари партияи болшевики, доҳии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок¬тябр, асосгузори аввалин давлати сотсиалистӣ, доҳии синфи коргари байналхалқӣ ва тамоми меҳнаткашон буд. К. Маркс. Ф. Энгелс, В. И. Ленин ба ҳама гула шакли зуҳуроти парастиши доҳиёни сиёсӣ зид буданд.
Дар натиҷаи ғалабаи револютсияи сотсиа¬листӣ аввалин бор барои иштироки фаъоли оммаи халқ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷамъияти сотсиалистӣ, инкишофи истеъдоду қувваи эҷодии он шароит фароҳам оварда мешавад. Сохтмони сотсиа¬лизми мутараққӣ дар мамлакати мо, ташаккули халқи советӣ чун умумияти нави иҷтимоию таърихии одамон, тантанаи демократияи сотсиа¬листӣ ва ба давлати умумихалқӣ табдил ёфтани диктатураи проле¬тариат заминаи боэътимоди инки¬шофи қобилияти эҷодии оммаи ҳалқ ва шахсият мебошад. Дар натиҷаи аз сотсиализм ба коммунизм гузаштан барои инкишофи ҳаматарафаи шахсият ҳеҷ гуна монеаҳо боқӣ намемонад.
Ад.: Маркс К. и Энгельс Ф.,Соч.,
2 над., т. 29; Плеханов X. В., К во¬просу о роли личности в истории, Избр. филос. произв., т. 2, М., 1956; Федосе¬ев П. Н., Роль народных масс и личнос¬ти в истории, М., 1957; Малышев И. В., О роли народных масс в сов. социалиотич. об-ве, М., 1960. В. Приписное.
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …